ТАЪСИСИ СИТОДИ ДОИМОАМАЛКУНАНДА БАҲРИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС

706 просмотров

 

Тибқи фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2020, №37 бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, иттилоотиву маърифатӣ ва чорабиниҳои зидиэпидемикӣ баҳри пешгирии сироятёбӣ аз коронавирус дар назди Вазорат Ситоди доимаамлкунанда таъсис дода шуд.

Роҳбарии Ситоди мазкурро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода ба уҳда дошта, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои зертобеъ аъзои он мебошанд.

Лозим ба зикр аст, ки Ситоди мазкур бо мақсади иҷрои супоришҳо аз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаи сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки рўзҳои 28-29 феврали соли ҷорӣ доир гардида буданд, роҳандозӣ шуда, аз ҷониби роҳбари Ситод ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас ироа гардид.

Ҳамзамон, баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус бо фармоиши зикршуда Нақшаи чорабиниҳои вазорат тасдиқ гардида, иҷрои як қатор чорабиниҳо, аз зумраи ҳамкории мунтазам бо сохторҳои дахлдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастрас намудани маводҳои иттилоотӣ, ташкил намудани гӯшаҳои иттилоотӣ дар дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои вазорат, ба хусус дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ,  худдорӣ намудан аз сафарҳои хизматии кормандон ба давлатҳои хориҷие, ки сатҳи мубталошавӣ ба ин вирус зиёд мебошад, риояи қоидаҳои саниатрӣ-гигиенӣ ва меъёрҳои тозагию беҳдоштӣ дар ҷойҳои корӣ, бурдани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ хусусан дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, муваққатан манъ кардани додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони кишварҳое, ки дар онҳо шумораи зиёди коронавирус ба қайд гирифта шудааст, инчунин талаб намудани маълумотномаи тиббӣ зимни дастрас гардидани иҷозати корӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ тариқи ВАО, сомонаҳои иҷтимоии соҳавӣ васеъ ба роҳ монда шуда, оид ба ҳолати иҷрои нақшаи чорабиниҳо ҳар 10 рӯз ба роҳбари Ситод маълумот пешниҳод карда шавад.

 

                                                         Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли

                                                                      аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон