Интихобот дар фазои оромӣ ва сулҳу суббот баргузор гардид

597 просмотров

 

 

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кулли масъулин барои дар сатҳи баланди омодагӣ ташкил ва баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ вазифадор карда буданд.

Аз оғози маъракаи пешазинтихоботӣ корҳои омодагӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуд. Рафти омодагиҳо борҳо аз ҷониби гурўҳҳои корӣ дар ҳайати намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, комиссияҳои ҳавзавии интихобот ва дигар сохтору мақомоти дахлдор мавриди санҷиши ҳаматарафа қарор гирифта, камбудиҳои ҷойдошта саривақт ва дар ҷояшон ислоҳу бартараф шуданд.

Падидаи ҷолиб он буд, ки дар интихоботи имсола ҳамаи овезаҳо ва шиорҳои даъваткунанда, аз участкаҳои интихоботӣ сар карда то ҳавзаҳои интихоботӣ, шакли ягона доштанд. Илова бар ин, дар ҷойҳои ба чашми ҳамагон намоён шиорҳои ба ободонию созандагӣ ва ваҳдату ягонагӣ даъваткунанда насб гардида буданд. Дар бохабар намудани аҳли ҷомеа воситаҳои ахбори омма низ саҳми калон гузоштанд.

То рўзи баргузории интихобот дар участка ва ҳавзаҳои интихоботӣ навбатдории шабонарўзӣ ба роҳ монда, ҳамарўза шаҳрвандон қабул карда шуданд. Дар рафти қабул ба онҳо чандин намуд дастурамалу варақаҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас гардид.

Рўйхатҳои интихобкунандагон дар муҳлати пешбининамудаи қонун таҳия ва онҳо бо воситаи даъватномаҳо ба интихобот даъват шуданд. Муаррифии ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба вакилӣ ва барномаҳои пешазинтихоботии онҳо, ташкили мулоқотҳо дар маҳалҳо низ қатъиян дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ оид ба интихобот ҷараён гирифт.          Барои истифода аз воситаҳои ахбори омма намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ имконияти баробар доштанд. Бо назардошти ин, мулоқотҳои номзадҳо ба вакилӣ бо интихобкунандагон ба таври шаффоф, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, саволу ҷавоб ва суҳбати озод гузаштанд.

Қобили қайд аст, ки участкаҳои интихоботӣ дар биноҳои ободу зебо, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ ва идораи маъмурии ташкилоту муассисаҳо ташкил шуда буданд. Дар ҳамаи онҳо ба ғайр аз ҳуҷраҳои овоздиҳӣ ҳамчунин ҳуҷраҳои алоҳида барои модару кўдак, расонидани кўмаки тиббӣ ва ҷойи махсус барои нозирони дохилию байналмилалӣ мавҷуд буд. Барои пешгирӣ аз сўхтор ва таъмини бехатарии интихобкунандагон ҳам чораҳои амалӣ андешида шуданд.

Рўзи интихобот воқеан ба рўзи иди умумимиллӣ табдил ёфт. Участкаҳои интихоботӣ соати 6–и саҳар бо садо додани Суруди миллӣ кори худро оғоз намуданд.

Маъракаи мазкур бо ташкили чорабинии расмӣ, садо додани асбобҳои миллии мусиқӣ,  сурудхонӣ,  суханронии шахстиятҳои барўманд ва ҷавонони маротибаи аввал ба овоздиҳӣ омада оғоз ёфт. Зимни суханрониҳои кўтоҳашон интихобкунандагон қаноатмандию пуштибониашонро аз сиёсати хирадмандонаи ба бунёдкорию созандагӣ нигаронидашуда баён дошта, шукрона аз сулҳу ваҳдат ва тинҷию амонӣ мегуфтанд.

Бо мақсади ташвиқу тарғиби касбу ҳунарҳои мардумӣ участкаҳои интихоботӣ бо сўзанию кашидадўзиҳои миллӣ оро дода, ҳамчунин гўшаҳои махсуси намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ташкил шуда буд. Илова бар ин, дар даромадгоҳи ҳама участкаҳои интихоботӣ фурўшгоҳи маҳсулоти хўрокворӣ ва ошхонаҳои сайёр амал намуданд ва ба интихобкунандагон хизмат расониданд. Интихобкунандагон дар фазои тинҷию оромӣ, мустақилона, бе маслиҳати дигарон озодона ба ҷонибдории ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои писандидаашон овоз дода, мавқеи худро муайян намуданд.

Гурўҳ – гурўҳ ба овоздиҳӣ омадани интихобкунандагон далели он буд, ки онҳо нисбати тақдири худ ва наслҳои ояндасоз бетараф нестанд. Ҳамин муташаккилӣ буд, ки то нимаи рўз зиёда аз 50 фоизи интихобкунандагон дар овоздиҳӣ иштирок карданд.

Рафти овоздиҳиро аз аввал то охир нозирони дохилӣ ва байналмилалӣ назорат бурданд. Ҳамаи онҳо ба интихобот баҳои баланд доданд ва қайд намуданд, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ пурра дар доираи қонунҳои амалкунанда ҷараён гирифт.

Дар рафти интихобот ягон ҳодисаи ғайримуқаррарӣ ба қайд гирифта нашуд.

Маъракаи интихобот соати 20 бо садо додани Суруди миллӣ ба  охир расид.

 

                                                                              З. Шарифӣ

                                                                       сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                       дар вилояти Суғд