МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ГУЛРЎ ҶАББОРЗОДА БО РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОҶИРАТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ХОНУМ КРИСТИНА ТРАНКА

679 просмотров

 

11 марти соли 2020 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари дафтари Намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кристина Транкаро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни вазорат ва СБМ дар заминаи лоихахои амалкунанда ва дигар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
Зимнан, аз ҷониби хонум Кристина Транка роҷеъ ба фаъолияти пурсамари Созмон, ки дар самтҳои гуногуни ҳаётан муҳими кишвар, ҳануз аз соли 1993 то инҷониб амалӣ мегардад, маълумоти муфассал ироа гардид. Қайд гардид, ки соли ҷорӣ миссияи СБМ дар ҶТ 27 – солагии фаъолияташро дар ҶТ таҷлил менамояд. Тули ин солҳо СБМ фаъолияти худро ба саросари ҷумҳурӣ ва ба шумораи бештари соҳаҳо тавсеа бахшид. Ба ҳайси созмони пешсафи байналмилалӣ дар масоили муҳоҷират, ҷилавгирӣ аз истисмор ва помол шудани ҳуқуқи муҳоҷирон, дастгирии аъзои оилаи онҳо, масоили марбут ба сиҳатии ома, махсусан, дар иртибот ба бемориҳои сироятӣ, ба монанди сил ва ВНМО бо таваҷҷуҳ ба саломатии муҳоҷирон ва аҳли хонадони онҳо, савдои одамон ва мусоидат ба нерӯҳои марзбони кишвар корҳои зиёдеро анҷом додааст.
Муҳтарам Гулрў Ҷабборзода роҷеъ ба ҳамкориҳои дуҷониба дар татбиқи лоиҳаҳои амалишаванда дар самти муҳоҷират маълумоти мухтасар дода, баҳри густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар доираи лоиҳаҳои мавҷуда изҳори миннатдорӣ баён кард. Ҳамзамон, мавсуф ҷиҳати мусоидат намудан дар таҳияи лоиҳаҳои барномаву стратегияҳои ҷадиди соҳа ибрози ақида намуд.
Роҳбари дафтари СБМ дар ҶТ минатдории хешро бинобар дар сатҳи баланди касбӣ мусоидат намудан дар татбиқи босамари Барномаи ҳамгироӣ, устуворӣ ва беҳсозии Тоҷикистону Афғонистон (солҳои 2016-2020) ба унвони Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.
Дар интиҳо, ҷонибҳо аҳаммияти идомаи минбаъдаи ҳамкориҳо ва ҳамоҳангии иқдомҳо миёни вазорат ва СБМ-ро дар амалисозии нақшаву лоиҳаҳои мибаъда ба мувофиқа расиданд.
                                                                Вазортаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
                                                                                аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон