20 нафар кормандони Хадамоти муҳоҷират ва саҳроии Ҳайати Шафқат дар семинари омодасозии роҳнамоён иштирок намуданд

600 просмотров

 

20 нафар кормандони бахшу шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират ва кормандони саҳроии Ҳайати Шафқат аз ноҳияҳои пилотӣ дар семинари омодасозии роҳнамоён дар мавзўи «Реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатии баргашта дар Тоҷикистон» ширкат варзиданд.

Тавре, роҳбари лоиҳаи мазкур Сарвар Турдибоев зикр намуд, мақсад аз баргузории ин семинар – баланд бардоштани сатҳи кумак ба муҳоҷирони баргашта ва аҳли оилаи онҳо мебошад.

Бояд гуфт, реинтегратсияи иҷтимоию иқтисодии муҳоҷирони кории аз Федератсияи Россия баргашта яке аз муҳимтарин масъалаҳое мебошад, ки имрўз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли он талош меварзад.

Айни замон Ҳайати Шафқат саҳмдори фаъоли соҳаи муҳоҷират дар Тоҷикистон буда, шарики боэътимоди ВММША ва узви Гурўҳи кории Харитаи роҳи мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ оид ба таҳия ва истифодаи “Харитаи роҳ” мебошад.

Ҳадафи умумии лоиҳа аз беҳтар намудани рушди Тоҷикистон бо роҳи реинтегратсияи иҷтимоӣ ва иқтисодии  муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта иборат мебошад.

Дар хатми семинар ба иштирокчиёни он сертификатҳо супорида шуд.

                                                                                        Анвар ЮСУПОВ