Корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд

65 просмотров

Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан чорабинии набатии иттилоотӣ – маърифатӣ дар кумитаи маҳаллаи ба номи Исмоили Сомонӣ гузаронида шуд, ки дар он 40 нафар сокинону фаъолон, раисони хонаҳои истиқоматии ҳудуди маҳалла ва нозири минтақавӣ ширкат варзиданд.

Дар рафти чорабинӣ аъзои кумитаи маҳаллаи ба номи Исмоили Сомонӣ интихоб гардида, дар радифи  муҳоҷирати бехатар, мубориза бо хатарҳои замони муосир, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, кор бо муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта ва воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Россия муваққатан манъгардида масъалаи ободонии манзили истиқоматии шаҳрвандон ва дигар иншоот то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам баррасӣ шуд.

Раиси маҳалла М. Қутбиддинова ба чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ ҳусни оғоз бахшида, мазмун ва моҳияти Амри Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон аз 22.05.2018, №АП-1059, дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.02.2020, №24/10-54 ва Амри раиси шаҳри Истаравшан аз 10.02.2020, №17-ро ба ҳозирин фаҳмонид. Таъкид дошт, ки бо мақсади гиромидошти арзишҳои волои Истиқлолияти давлатӣ, тақвияти тафаккури созандаву бунёдкорона, истиқболи сазовор ва дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз ҳисоби фаъолон аъзои кумитаи маҳалла интихоб шаванд. Мақсад аз интихоби ҳайати кумитаи маҳалла ҷалби аҳли ҷомеа ба бунёдкорию созандагӣ, тақвият бахшидани корҳои ободонӣ, таъмиру тармими манзили истиқоматии шаҳрвандон ва дигар иншооти ёрирасон, бартараф  намудани норасоиву камбудиҳои ҷойдошта, танзими аъана ва ҷашну маросимҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватанпарастию хештаншиносӣ мебошад.

Пешниҳоди раиси маҳалларо сокинон якдилона ҷонибдорӣ ва дастгирӣ намуданд. Раиси бинои №91 А. Шукуров таклиф намуд, ки ба ҳайати аъзои кумитаи маҳалла аз ҳамаи биноҳои баландошёна намояндаҳо шомил карда шаванд. Пешниҳоди ӯро низ сокинони маҳалла қобили қабул шумориданд.

Баъдан нозири минтақавӣ майори милитсия А. Ӯтамуродов доир ба рафти амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон”, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон суханронӣ намуда, зимни баёни андеша аҳли маҳалларо ба муттаҳидию тифоқӣ, роҳандозии амалҳои хайр ва бунёдкорию созандагӣ даъват кард.

Суханронии мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан Ф. Ҳакимов ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, муқовимат бо коррупсия ва дигар падидаҳои номатлуб, тарзи солими ҳаёт, омодагии пеш аз сафар ва муҳоҷирати бехатар бахшида шуд. Дар суханронӣ таъкид гардид, ки ташаккул наёфтани фарҳанги ҳамкории аҳли ҷомеа бо мақомоти давлатӣ, махсусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба содир гардидани амалҳои номатлуб мусоидат менамояд. Зеро худдорӣ намудани баъзе шаҳрвандон аз ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баёнгари бетарафии онҳо буда, дар сурати тақвият бахшидани ҳамкориҳо суботу амният дар маҳалҳо бештар таҳким меёбад.

Аз раисони хонаҳои истиқоматӣ хоҳиш карда шуд, ки дар фаъолияти худ ба ин масъала таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намоянд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, корҳои тарғиботиро дар байни аҳолӣ тақвият бахшанд. Дар ин радиф аз рафтуомади шаҳрвандон ба хориҷа бохабар бошанд ва ҳамкориро бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба таври густурда ба роҳ монанд.

Чорабинии мазкур бештар аз 40 нафар шаҳрвандонро ба ҳам овард.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан ҳамин гуна чорабинии иттилоотӣ – маърифатиро дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, шуъбаи  Вазорати корҳои дохилӣ ва Шӯрои уламои дин дар Ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калон низ ташкил намуд, ки дар он муовини раис ва кормандони ҷамоат, раисони кумитаи маҳаллаҳо, нозири минтақавӣ, сарвари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, фаъолон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо иштирок намуданд.

Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан Ф. Ҳакимов зимни суханрониаш таъкид кард, ки барои шомил намудан ба сафҳои худ гуруҳҳои террористию экстремистӣ бештар ба қишри осебпазири ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон, шахсони бекор ва эҳтиёҷманд, муҳоҷирони меҳнатӣ, афроди ба маблағ эҳтиёҷдошта, аз волидон ва ё ҷамъият норозӣ, дорои дониш ва маърифати пасти ҳуқуқӣ рӯй меоранд. Фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ дар Тоҷикистон манъ шуда бошад ҳам, баъзе пайравону тарафдорони онҳо дар хориҷа тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои худро боз намуда, ба гумроҳ намудани мардум кӯшида истодаанд. Аз ин рӯ, аҳли ҷомеа, махсусан насли наврасу ҷавон бояд ба паёмаку даъватҳои шахсони ношинос ва шубҳанок ҷавоб надиҳанд, ба расму видеоҳои хусусияти даъватию таблиғотидоштаи онҳо қайд  (лайк) нагузоранд.

Ф. Ҳакимов вобаста ба муҳоҷирати бехатар ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ  дар симои иштирокчиён аз аҳли ҷомеа хоҳиш намуд, ки ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан ба кори муносиб ва музди меҳнати баланди пешниҳоднамудаи шахсони шубҳанок, ки онҳоро намешиносанд,  ваъдаи даромади муфт, зуд ҳал шудани мушкилоташон бовар накунанд. Зеро шахсони ниятҳои нопокдошта метавонанд ба онҳо таъсир расонида,  гумроҳ ва ба созмонҳои экстремистию террористӣ ҷалб намоянд. Бо назардошти ин, пеш аз сафар дар бахшу шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират оид ба муҳоҷирати бехатар  машварати ройгон гирифтан, аз хизматрасонии муассисаҳои давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» ва «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» босамар истифода бурданро номбурда ба аҳли толор тавсия дод.

Дар идомаи чорабинӣ иштирокдорон, ки наздик ба 100 нафар буданд, суханронии нозирии минтақавӣ  майори милитсия А. Ӯтамуродов ва сарвари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим М. Сайфиддиноваро шунида, баъдан ба саволҳои худ посух гирифтанд.

Ба иштирокчиёни ҳар ду чорабинӣ аз ҷониби ташкилкунандагон маводҳои иттиллоотии ройгон тақсим гардид.

 

         Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                      дар шаҳри Истаравшан