Наврўзи хуҷастапай  муборак!

46 просмотров

 

Дар таърихи фарҳанги мардуми ориёитабор ҳеч як анъана ва расму ойине  чун  ҷашни  хуҷастапай  ва  фархундаи  Наврўз  азизу  арҷманд нест. Наврўз пайвандгари насли  имрўз бо расму ойин,  арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад.
Ҷашни Наврўз аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои мардумони ориёитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре, ки аз номи он бармеояд, Наврўз «рўзи нав» маъни дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав эҳё мешавад. Наврўз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рўз дар баҳор мебошад. Аз таърихи ҷашни Наврўз, роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни кўҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ  маълумотҳои зиёд зикр гаштаанд, ки донишмандони тоҷику форс ва хоричӣ дар асоси онҳо мақолоту рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Маълумотҳои мустақим ва пураҳамиятро дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Наврўзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафхим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-махосин вал аздод»-и Кисравӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ Ҷамшеди пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврўз хондаанд.

Ҳамин тариқ, Наврўз аз маъруфтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ва дигар халқҳои ориёитабор ба шумор меравад. Наврўз ҷойи вохурӣ ва муносибати мардум, ҷое, ки ҳам зану мард ва ҳам пиру ҷавон гирд меоянд, шодию хурсандӣ мекунанд, лаззати эстетикӣ мебаранд, ёдоварӣ аз гузаштагон менамоянд ва пайванди худро бо табиат баён мекунанд.

                                                                  Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                             дар шаҳри   Душанбе