Таҷлили Наврўзи оламафрўз дар Хадамоти муҳоҷират

45 просмотров

 

         20 марти соли равон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар толори Хадамоти муҳоҷират маҷлиси тантанавӣ баргузор  шуд.

Сардори Хадамот Тоҳир Каримзода аҳли нишастро хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки иди Наврӯз имсол дар марҳилаи сифатан нави сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари азизамон  таҷлил карда  мешавад.  Ба гуфтаи ӯ, «Наврӯз рамзи ҳамбастагии оламу одам, рамзи пирўзии рўшноӣ бар зулмот шинохта шудааст ва ин ҷашни муборак бо ободиву бунёдкорӣ пайванди қавӣ дорад. Муҳимтар аз ҳама, Наврўзи ҷаҳонафрўз бо сулҳу ваҳдат, дўстиву рафоқат, пиндору гуфтору рафтори нек иртиботи ногусастанӣ пазируфтааст», — зикр намуд Т. Каримзода.

Агар ба таърих нигаҳ андозем, албатта, зодгоҳи Наврўзи оламафрўз сарзамини Ориёни бостонӣ мебошад. Номи Наврўз, ки калимаи форсии тоҷикӣ  мебошад ва ба маънои “Рўзи нав“ аст, аз он шаҳодат медиҳад, ки мардумони ориёитабори форсу тоҷик асосгузори ин ҷашни фархунда мебошанд ва дар ин ҷойи шакку шубҳае нест ва тайи қарнҳои гузашта як қатор қавмҳои ғайриориёӣ, ин ойини бостонии моро чун суннати миллии худ пазируфтаанд ва онро таҷлил мекунанд.

Далели дигар ин аст, ки Наврўз дар рўзгори ҳеҷ ягон халқи дигари ҷаҳон ба андозаи ақвоми ориёитабор, ба вижа тоҷикону эрониён,  бо тамоми ҷузъиёту куллиёти суннатҳояш мақом  надорад ва маърифати зиндагии онҳоро ифода намекунад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Наврўз бо тору пуди мардуми мо танида шудааст ва пеш аз ҳама, орзую омол ва зиндагию ҷаҳонбинии моро ифода мекунад. Далели сеюм он аст, ки Наврўз густариши ҳусну зебоӣ дар табиат, ҷомеа ва тафаккуру андешаи одамӣ мебошад.

Сарзамини Ориёни таърихӣ асосаш кўҳистон аст, хосса ватани тоҷикон. Кўҳистон макони оби тоза, сарчашмаи пиряхҳои нодир, барфистон, ҷангалистон, сарчашмаи рўдҳо, лонаҳои парандагону ҳайвоноти нодири олам, кони лаълу сарватҳои нодири ҷаҳон, яъне ҳар он чи ки асл асту асолатро парварида. Ҳатто хоки кўҳистон саду як рангубор дорад, онро бо роҳи сунъӣ наметавон ҳосил кард. Оби кўҳистон  шифобахшу ҷонпарвар аст. Ин ҳама нишонаҳои зебоӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки агар зодгоҳ ва меҳани Наврўзро кўҳистон ҳисобем, нисбат ба водию дашту саҳро ғалат нахоҳад шуд.

Як далели дигар. Вақте ки адабиёти халқҳои ҷаҳонро варақ мезанем, дар ҳеҷ кадоми онҳо ба андозаи адабиёти форсу тоҷик Наврўзи оламафрўз бо тамоми зебоию шаҳоматаш тавсиф ва тараннум нагардидааст. Аз ин ҷо ногузир ба хулосае меоем, ки умри Наврўз бо умри сухан ва ҳусну малоҳати зиндагӣ баробар аст, яъне Наврўз бо каломи зебо ва умуман, зебоӣ пайванди азалӣ дорад. Бинобар ин, мардуми ориёӣ ҳуқуқи комили маънавӣ дорад, ки гўяд: «Зодгоҳи Наврўз сарзамини қавмҳои ориёист» ва пеш аз ҳама, Тоҷикистони азиз аст. Сарчашмаҳои илмию адабӣ ва таҳқиқоти пажўҳишгарон дурустии ин ҳақиқатро собит намудаанд.

Дар маҷмўъ, ҷашни байналмилалии Наврўзро кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират дар сатҳи баланд ва бо камоли эҳтиром ба суннатҳои миллӣ таҷлил намуданд.

Анвар ЮСУПОВ