ИТТИЛООТИ НАМОЯНДАГИИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МАСОИЛИ МУҲОҶИРАТ

186 просмотров

 

 

 

Тибқи иттилои Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳоҷират ва  Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо назардошти чораҳое, ки аз ҷониби Федератсияи Россия барои мубориза бо сирояти коронавирус (Covid-19) андешида шудааст, бо фармоиши Ҳукумати Федератсияи Россия аз 16 марти соли 2020, № 635-р аз соати 00 дақиқаи 18 марти соли 2020 то соати 00 дақиқаи 1 майи соли 2020 барои ворид шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба Федератсияи Россия маҳдудияти муваққатӣ муқаррар гардидааст.

Маҳдудияти мазкур аз ҷумла татбиқ мегардад:

– ба шаҳрвандони хориҷие, ки шаҳодатномаи иштирокчии барномаи давлатии мусоидат ба кӯчидани ихтиёрии ҳамватанон дар Федератсияи Россияро гирифтаанд;

– ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки иҷозаи истиқомати муваққатӣ дар Федератсияи Россияро гирифтаанд, аммо дар хориҷ аз қаламрави он қарор доранд.

Гувоҳномаи иқомати муваққатии қаблан додашуда, иҷозатномаи истиқомат дар Федератсияи Россия, шаҳодатномаҳои иштирокчии Барномаи давлатии кӯчонидани ихтиёрӣ барои шахсоне, ки берун аз қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд ва имконияти бозгашт ба Федератсияи Россияро надоранд то ба охир расидани муҳлати шашмоҳаи иқомати берун аз Федератсияи Россия бекор карда намешаванд.

                                                               Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва

                                                                                        шуғли аҳолии ҶТ