МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ СОЗМОНИ ОЗУҚАВОРӢ ВА КИШОВАРЗӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

563 просмотров

 

3 апрели соли 2020 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Гулрӯ Ҷабборзода Роҳбари намояндагии ФАО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Гучгелдиевро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши ҳамкорӣ баёни вазорат ва ФАО дар заминаи лоиҳаҳои «Рушди зарфият барои тақвият додани амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар кишварҳои интихобшудаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ» ва «Пешбурди рушди фарогири  иқтисодӣ  тавассути  грантҳои ҳиссавӣ» дар ноҳияҳои пилотии ҷумҳурӣ ва дигар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин, масъалаҳои дастрасии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ба грантҳо барои фаъолияти кишоварзӣ ва баланд бардоштани  зарфияти кишвар, ҷиҳати таъсис додани  фазои мусоид барои амнияти  озуқавории  аҳолии  осебпазир муҳокима шуданд.

Дар ҷараёни  мулоқот роҷеъ ба Нақшаи амали  вазорат оид ба паст намудани  шиддати таъсирнокии пандемияи «коронавирус» дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо барои таҳияи амалҳои муштарак дар самтҳои мавриди назар ба мувофқиа расиданд.

                                       Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии

                                                                          Ҷумҳурии  Тоҷикистон