Ҷамъбасти се моҳа тавассути суҳбати бархатӣ доир гардид

609 просмотров

 

Бори аввал, аз сабаби дар ҷаҳони муосир паҳншавии вируси сироятии «коронавирус» 8 апрел дар Хадамоти муҳоҷират маҷлиси ҷамъбастии Шўрои Хадамоти муҳоҷират оид ба фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2020  ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли ҷорӣ, тавассути суҳбати бархатӣ “Онлайн – видео” доир гардид.

Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода бо сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ, тариқи суҳбати бархатӣ гуфтушунид баргузор намуд.

Бо маърӯзаи ҳисоботӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Хадамот дар семоҳаи аввали соли 2020 муовини сардори Хадамоти муҳоҷират Толиб Шарипов баромад намуда, иброз дошт, ки  бо мақсади бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 17 субъектҳои хоҷагидор дорои иҷозатномаи Хадамот буда, барои  интиқол додани қувваи корӣ ба хориҷи кишвар машғул мебошанд. Дар ин замина, ба ҳолати 20 марти соли равон 8 субъекти хоҷагидор фаъолиятро ба роҳ монда,1031 нафар муҳоҷирони меҳнатиро дар хориҷа бо кор таъмин намуданд.

Ҳамзамон, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидор, ки дорои иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷират мебошанд ва ба интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар машғуланд, рўзи 23 январи соли ҷорӣ дар Хадамоти муҳоҷират семинари машваратӣ баргузор гардид, ки дар он ҳамаи роҳбарон ва намояндагони субъектҳо иштирок намуданд.

Ҳадаф аз гузаронидани семинар – ин ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар самти ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа мебошад. Дар рафти машварат аз ҷониби иштирокчиён ҷиҳати пешбурд ва мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар самти таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кор дар хориҷа, таклифу пешниҳодҳо ироа гардиданд.

Бояд қайд кард, ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 16313 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла-15749 нафарашон тариқи шифоҳӣ, – 68 нафар  хаттӣ ва -496 нафарашон бо  телефони боварӣ бо дархост муроҷиат кардаанд.

Ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Россия – 6287 нафар, ки дар рўйхати мамнўъшудагон дар маҳзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират ба қайд гирифта шуда буданд, муайян карда шуда, аз сафари бебарор баргардонида шуданд, – афзуд маърўзачӣ.

Сипас ҳисоботи сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, бахшу шуъбаҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва директорони  Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”оид ба фаъолияти семоҳа ва камбудиҳои ҷойдошта тавассути суҳбати бархатӣ “Онлайн-видео” шунида шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа фаъолияти иттифоқи касабаи Хадамот баррасӣ гардид.

Маҷлиси ҳисоботӣ бо вазифагузориҳои Сардори Хадамоти муҳоҷират  анҷом ёфт.

 

                                                                                                      Анвар ЮСУПОВ