Ба шаҳрвандон 100 ҷойҳои кори холӣ пешниҳод гардид

249 просмотров

 

 

Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ярмаркаи навбатии калони ҷойҳои кори холӣ барпо намуд, ки дар он МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар ш. Хуҷанд иштирок намуд. Дар ярмарка 6 корхонаву ташкилотҳои вилоят ширкат варзида, ба шаҳрвандон зиёда аз 100 ҷойҳои кори холӣ пешниҳод гардид.

Кормандони МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд, Раҷабов А. Ш ва Каримов И. С ба иштироккунандагони ярмарка вобаста ба иттилоотонидани аҳли ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифатии муҳоҷирони меҳнатӣ дар самти пешгирии падидаю ҳодисаҳои номатлуб, инчунин оид ба пешгирии вируси сироятии “коронавирус” суханронӣ намуданд. Дар ярмарка 300 нафар донишҷўён ва омўзгорони муассисаи давлатии олӣ фаъолона иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ярмаркаи мазкур иштирокчиён ба саволҳои худ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Инчунин, ба ҳозирин дастуру ёддоштҳо ва буклетҳои марказ бо теъдоди 100 адад тақсим карда шуд.

 

 

                                          МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш

                                           аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар ш. Хуҷанд