Варақаи иттилоотӣ барои шаҳрвандон

646 просмотров

 

Бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд 1000 нусха варақаҳои иттиллотӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз чоп баромад.

Тавре директори марказ Умедахон Ҳошимова хабар дод, дар варақаи итттилоотӣ оид ба хизматрасонӣ ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла пешниҳоди маълумот ба сокинони мамлакат оид ба маъни воридшавӣ ба Федератсияи Россия (депортатсия) – машварати ройгон ба муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани патент (иҷозати кор), тағйиру иловаҳо дар қонунгузории давлатӣ, сабабҳои рондашавии муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба муҳоҷиртаи меҳнатӣ дарҷ гардидааст. Инчунин, дар он омўзиши муҳоҷирони меҳнатӣ бо забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ), таърих, фарҳанг, урфу одат ва асосҳои қонунгузории давлати бо кор таъминкунанда ва пешниҳоди роҳхат барои касбомўзӣ дар муассисаҳои таълимӣ низ омадааст.

Бояд қайд кард, ки дар варақаи иттилоотӣ тавсияҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) оид ба пешгирӣ бемории сироятии «коронавирус» барои шаҳрвандон низ ҷой дода шудааст. Аз ҷумла, дар он тарзи мунтазам шустани дастон бо собун ва ё маҳлули безараргардонанда, ҳангоми сулфидан ва атсазанӣ, даҳон ва бинии  худро бо даст ё рўймол пўшилан, дастмолҳои истифодашударо фавран партофтан, аз робитаи зич бо ашхос, ки нишонаҳои табларза ва сулфа доранд, дурӣ ҷустан, аз истеъмоли маҳсулоти хом ё ба таври кофӣ пухта нашудаи ҳайвонот худдорӣ намудан, агар табларза, сулфа ва нафаскашии душвор пайдо шавад саривақт ба духтур муроҷиат намудан, қайд шудааст.

Омода ва чоп намудани чунин варақаи иттилоотӣ аз ҷониби МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд аз манфиат дур нест.

                                                                                          Анвар ЮСУПОВ