Корҳои фаҳмондадиҳӣ пурсамар идома дорад

569 просмотров

 

Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ноҳияи Варзоб корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни сокинони ноҳия пурсамар идома дода, 22 апрели соли равон дар ҷамоати деҳоти Варзоб – Қалъа, деҳаи Ғажне бо сокинони он ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равнақ додани корҳои созандагию ободонӣ, тозаву озода намудани хонаҳои истиқоматӣ, гузаронидани таъмири ҷорӣ, беҳдошти вазъи санитариву эпидемиологӣ, пешгирӣ аз пайдоиш ва густариши бемориҳои сироятии «коронавирус» вохўрӣ баргузор намуд.

Дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ раиси кумитаи маҳаллаи деҳаи Ғажне Абдуғафур Сафаров, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ – раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳия Дониёр Алиев, сармутахассис-ҳуқуқшиноси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Бӯриев, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и деҳаи Ғажне Бахтовар Ҳусейнов фаъолона ширкат варзида баромад намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби гуруҳи корӣ, махсусан масъалаи пешгирии вируси сироятии «коронавирус» қайд гардид. Ба ҳозирин гуфта шуд, имрӯзҳо тамоми ҷомеаи ҷаҳонро масъалаи пайдоиш ва паҳншавии босуръати бемории сироятии «коронавирус» (COVID-19) ба ташвиш овардааст.

Бояд ҳар яки мо пеш аз ҳама ба гигиенаи шахсии худ ва аҳли оила таваҷҷуҳ карда, аз ҳузури ҷойҳои серодам канораҷӯӣ намуда, дар ин лаҳзаҳои ҳассос шаҳрвандон набояд ба хабару овозаҳо ва ҳангомасозиҳои расонаву гурўҳҳои дасисасозу дастнигарони хориҷӣ бовар кунем.

Инчунин қайд гардид, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри самаранок ва манфиатбахш истифода намудани ҳар як ваҷаб қитъаи замин кӯшишу ғайрати ҳамаҷониба ба харҷ диҳем.

Дар фарҷом аъзои гурўҳи корӣ ба иштирокчиёни вохўрӣ  ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ дар замони хатарҳои муосири иқтисодии ҷаҳонӣ ба масъалаи пурсамар истифода бурдани киштзорҳо, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

                                                             Олимзода Орифҷон Олим

                           мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб