Вохўрӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

572 просмотров

 

 

24 апрели соли равон Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд якҷоя бо ташкилоти ҷамъиятии «Маркази тарзи ҳаёти солим» тибқи нақшаи чорабинии муштарак дар толори факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо омўзгорон ва донишҷўён оид пешгирӣ аз касалии сироятии “коронавирус” вохўрии навбатӣ баргузор намуданд.

Дар ҳамоиш ба донишҷўён бо теъдоди 300 адад варақаҳои тарғиботӣ тақсим гардида, аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки ба хотири пешгирӣ аз сирояти бемории “коронавирус”  бояд дар мадди аввал худро аз издиҳом канора гиранд. Ҳамчунин 200 ниқоби ҳимоятӣ аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии “Маркази тарзи ҳаёти солим”тақдим шуданд.

Гуфта шуд, ки барои баланд бардоштани масуният (иммунитет) ҳарчи бештар истеъмол намудани ғизо ва алалхусус, сабзавоту меваҷот, пиёз ва сирпиёз ҳамчун фитонсид мувофиқи мақсад аст.

Ҳамчунин аз донишҷўён даъват ба амал оварда шуд, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накунанд. Зеро бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то ҳол дар мамлакат ягон ҳолати сироятшавӣ ба бемории “коронавирус” ба қайд гирифта нашудааст ва корҳо дар самти пешгирӣ таҳти назорати доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Бояд иброз кард, ки бемории сироятии “коронавирус” имрўз ба ҳаёти сокинони Сайёра, хосса давлатҳои Аврупо ва Америка,  ИДМ хисороти беш оварда, бинобар риоя накардани чораҳои пешгирӣ сироятёбӣ авҷ гирифта истодааст.

         Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 11 марти соли равон хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

                                              МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии

                              пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд