Корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии COVID-19

537 просмотров

 

         Дар доираи чорабиниҳои пешгирии бемории сироятии «коронавирус» кормандони МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд дар миёни  корҷўён оид ба пешгирии  COVID-19 вохўриву суҳбатҳо баргузор намуда истодаанд.

         Вазъи имрўзаи ҷаҳон ва торафт доман паҳн намудани бемории хатарноки сироятӣ, яъне вабо моро водор месозад, ки ба саломатии худ диққати аввалиндараҷа диҳем ва нагузорем, ки ин бемории хатарнок дар миёни ҷомеаи мо пайдо шуда, саломатӣ ва ҳаёти одамонро дар хатар гузорад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни Паёми шодбошии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон баён доштанд.

Аз ин лиҳоз, кормандони марказ дар суҳбат бо корҷўён оид ба пешгирии бемории сироятии «коронавирус» ва риояи тозагии шахсӣ, ҳолати санитарию гигиении хонаю ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Дар фарҷоми вохўрӣ ба корҷўён варақаҳои тарғиботӣ тақсим гардида, аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки ба хотири пешгирӣ аз сирояти бемории “коронавирус” бояд дар мадди аввал худро аз издиҳом канора гиранд. Ҳамчунин аз тарафи марказ 100 ниқоби ҳимоятӣ тақдим карда шуд.

                                         МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш

                                 аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд