Натиҷагирӣ аз татбиқи лоиҳа

567 просмотров

 

 

24 апрели соли 2020 дар қоҳи фарҳангии «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд дар асоси нақшаи муштараки шуъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилоят, раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Суғд, раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд якҷоя  бо  ТҶ «Чашмаи ҳаёт» чорабинии ҷамъбастии барномаи телевизонӣ дар шакли ТОК ШОУ сабт  карда шуд. Дар чорабинӣ сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Суғд, директори Маркази ташаккули ҳаёти солим дар вилоят, сармутахассиси раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ дар вилояти Суғд,  мудирони шуъба ва бахши кор бо занон ва оилаи шаҳрҳои Хуҷанд, Бўстон ва ноҳияи Б. Ғафуров, аъзоёни шабаки ташкилотҳои ҷамъиятии «Умед», рўзноманигорон, коршиносон ва фаъолон ширкат доштанд.

Дар барнома масоили  мубрами рўз роҷеъ ба муҳоҷирати бехатар, тарафҳои мусбӣ ва манфии муҳоҷирати меҳнатӣ, маърифати оиладорӣ,  пешгирии зўроварӣ дар оила, муқовимат ба савдои одамон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ба донишомузӣ ҷалб намудани ҷавонон, баланд бардоштани маданият ва дониши ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳазбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва тундагроӣ, ки бевосита ба муҳоҷирати меҳнатӣ алоқаманд мебошанд баррасӣ шуданд.

Коршиносон ва иштирокчиёни чорабинӣ дар масъалаоҳи зикршуда мубодилаи афкор намуда оиди ҳалли масъалаҳо таклифу  пешниҳодҳои худро изҳор доштанд. Амалишавии чунин лоиҳаҳо дар иҷроиши Барномаҳои давлатӣ марбут ба занон ва оила, муҳоҷират, сиҳатии омма, Консепсияи рушди оила, пешгирии савдои одамон ва дигар санадҳои давлатӣ   мусоидат хоҳад кард. Дар воқеъ фақат дастҷаъмона мо ҳамаи зуҳорот номатлуби ҷомеаро пешгирӣ карда метавонем, алалхусус пешгирӣ намудани бемориҳои сироятии “коронавирус”, ки имруз тамоми аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст аз риоя намудани талаботҳои гигиении  ҳар як шахс вобастагӣ дорад.

Мардон ҚУРБОНОВ