Консули генералии Тоҷикистон бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷик дар Урал ҷаласаи онлайнӣ гузаронид

42 просмотров

 

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва фаъолоне, ки дар вилоятҳои Свердловск, Челябинск, Курган, Тюмен, ҳавзаҳои мухтори Ханти-Манси ва Ямало-Ненетски Федератсияи Россия фаъолият доранд, ҷаласаи онлайнӣ гузаронид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург иттилоъ доданд, дар ҷараёни ҷаласаи онлайнӣ дар бораи аҳамияти дубора фаъол намудани Шӯрои машваратӣ дар назди Консулгарии генералии Екатеринбург дар сатҳи нав, бо назардошти хусусиятҳо ва вазифаҳои давраи мубориза бо коронавирус зикр шуд.

Роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷик ба Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи корҳое, ки оид ба расонидани кумаки иҷтимоӣ ва моддӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар ҳамватанон, ки дар шароити паҳншавии коронавирус ба мушкилоти гуногун дучор омадаанд, маълумот доданд. Зикр гардид, ки ҳеҷ як ҳамватане, ки гирифтори коронавирус аст ё шахсони фавтида аз ин беморӣ, хешовандон ва наздикони онҳо аз таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва ғамхорӣ дур намемонанд.

Таваҷҷуҳи махсус ба пурзӯр кардани кор дар байни донишҷӯёни Тоҷикистон, зарурати дастгирии иҷтимоии онҳо ва амсоли инҳо равона шуд.