«ҲАМЕША БО ВАТАН ҲАСТЕМ, ҲАМЕША БО ВАТАН МАСРУР!..». Муроҷиатномаи Созмони ҷамъмиятии вилояти Кемеровои Федератсияи Россия «Дўстии халқҳои тоҷику рус»

30 просмотров

 

         Дар робита ба паҳншавии бемории коронавируси  Созмони ҷамъятии вилояти Кемеровои Федератсияи Россия «Дӯстии халқҳои тоҷику рус» мустақар дар шаҳри Новокузнетск муроҷиатнома қабул намудааст, ки матни он имрӯз ба АМИТ «Ховар» расид. Дар он омадааст:

Ҳамватанони гиромиву қадрдон!

         Мо, тоҷикони вилояти Кемерово,  аъзоёни  Созмони ҷамъиятии    “Дӯстии халқҳои тоҷику рус” дар ин шабу рӯзи на фақат барои Тоҷикистон ва Россия, балки барои тамоми мардуми олам орзуи пирӯзӣ бар балои аср – коронавирусро намуда, бо ҷонибдорӣ аз иқдомҳои башардӯстонаву хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар паҳлӯи ҳамватанонем ва барояшон кумак мерасонем.

Тавре Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода гуфтааст: «Ҳамеша бо Ватан ҳастем, ҳамеша бо Ватан масрур!..».

Чуноне ба ҳамагон маълум аст, бо сабаби паҳн гардидани бемории COVID-19 миёни ҳамаи давлатҳо сарҳадҳо, роҳҳои заминию ҳавоӣ  баста шуда, даҳҳо ҳазор нафар  мусофирону шаҳрвандони ин ё он давлат дар дигар минтақаҳо банд мондаанд.  Имрӯзҳо бемории зикршуда ҳатто давлатҳои абарқудратро низ ба мушкилоти  зиёд рӯ ба рӯ кардааст. Мутаассифона, ин беморӣ дар  Тоҷикистон ҳам хуруҷ кард, вале мо, тоҷикони рӯи олам,  боварӣ ва имони комил дорем, ки бо инояти Офаридгор ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, дар якҷоягӣ бо кулли ҳамватанони бонангу номус ин бемориро низ чун дигар мушкилоти аз ин пеш ба сари миллатамон   омада бартараф  месозем!

Имрӯзҳо мо, тоҷикони дар Федератсияи Россия, хусусан дар  шаҳри Новокузнетск қарордошта кӯшиш ба харҷ дода истодаем, то ягон нафар аз ҳамватанони мо, ки дар ин минтақа ҳастанд, аз таҳти назорат дур намонанд. Пайваста ба ҳамватанон ва дар қатори онҳо ба намояндагони муҳтоҷи дигар халқияту миллатҳо маводи ғизоию беҳдоштӣ расонида мешавад, ки ин аз ваҳдату ҳамдилӣ ва саховатпешагиву дасти хайр доштани мардуми  шарифи  тоҷик дарак медиҳад.

Мутаассифона, вазъияти ба амал омадаро бархе аз нафароне, ки ба миллату ватани аҷдодиашон назари нек надоранд ва  ягон вақт хоҳони суботу оромӣ ва рушду нумӯи  Ватани мо набуданд, барои сазовори подоши ночизи корфармоёнашон шудан ба фоидаи худ, ба мақсадҳои ғаразноки худ истифода бурданӣ шуда, ба ҷои кумак ё сухани рӯҳбахше гуфтан, кинаву адоват ва воҳимаафканиро дар саҳифаҳои иҷтимоӣ  пеша кардаанд, ки ин аз доираи ҷавонмардиву одамият берун аст. Ин гуна тафриқаандозиҳо Сурия, Ироқ, Либия, Афғонистонро ба чӣ ҳолатҳо расонидаанд, ҳама шоҳиданд. Миллионҳо нафар мардуми ин давлатҳо кушта ва ё дар рӯи олам овораву гуреза шудаанд, вале касе ба додашон намерасад…

Имрӯз, шукри Худо, Тоҷикистони азиз тинҷу ором аст ва амониву тинҷии ватанамон барои ҳар яки мо, тоҷикони Россия ва олам як давлати бебаҳост. Тоҷикон табиатан миллати босабру таҳаммул, озодаву соҳибтамаддун ва сулҳҷӯянд. Ҳар яки мо бояд хуб донем, ки дар ин шабу рӯз танҳо муттаҳид будан дар атрофи давлату Ҳукумати Тоҷикистон, ҳифзи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва кӯмаку дастгирии    ҳамдигар метавонад ҳама мушкилиҳоро бартараф созад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, «агар моро диламон ба обу хоки ватанамон насӯзад, дили ягон каси дигар намесӯзад. Мо худамон бояд дар муттаҳидӣ барои ободию пешрафти Тоҷикистон кӯшиш кунем. Миллату Ватани мо аз ин ҳам рӯзҳои сахтро дида буд. Худо хоҳад ин ҳам мегузарад».

Ягон нафар набояд фаромӯш кунад, ки дар ҳар куҷое аз гӯшаи олам набошем, зодаву парвардаи обу хоки Тоҷикистонем ва бояд ба қадри обу хокдони Ватан бирасем. Ин аст қарзи фарзандии мо. Имрӯз вақти он аст, ки мо камбудӣ наҷӯем, балки барои ислоҳи он кӯшиш намоем, ба беморону табибон ва мардуми эҳтиёҷманд дасти кумак дароз кунем. Агар имкону қудрати ёрӣ кардан надорем, пас бо сухани хуше дили ҳамдигарро шод созем. Мутмаин бошем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст, то паҳншавии ин бемории хатарноки сироятӣ пешгирӣ шуда, муолиҷаи мубталоён самараи хуб ба бор орад.

Бо эҳтиром, сарвари Созмони ҷамъиятии  вилояти Кемеровои Федератсияи Россия  «Дўстии халқҳои тоҷику рус»
Шавкат
ҷон ТОҲИРОВ

ва фаъолони ин ҷамъият:
Ра
ҳмоналӣ ОДИНАЕВ,  Имомиддин СОНИЕВ, Қаҳрамон ҲАМДАМОВ, Маҳмадкарим АБДУКАРИМОВ ва Дилшоди РАМАЗОНӢ.

Ш. Новокузнетск, 14 майи с. 2020