Иқдоми нек аз ҷониби Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

490 просмотров

 

 

Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ноҳия иқдом гирифтааст, ки дар баробари дигар сохторҳои марбута ҷиҳати пешгирии бемории сироятии «коронавирус»  (COVID-19) тавассути ихтиёронаш муддати 70 – рӯз бо аҳолии ноҳия бо мақсади гузаронидани корҳои оммафаҳмонӣ бо усулҳои “Хона ба хона” ва “Рӯ ба рӯ” бо дастрас намудани ёддоштҳо ва насб намудани шиору овезаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои таблиғотиро роҳандозӣ намояд.

Инчунин, Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо мақсади расонидани кӯмак ба ихтиёронаш, ки муддати 70-рӯз бо мардум оид ба масъалаҳои зикргардида, вохӯриҳо доир менамоянд кӯмакҳои моллӣ расонад.

Ҳамзамон аз ҷониби бахши Ҷамъиятии Ҳилоли Аҳмар – и ноҳияи Варзоб таҳти роҳбарии бевоситаи котиби иҷроияи бахши мазкур Дилафрӯз Шерзода дар арафаи иди саиди Фитр ба 20 нафар ихтиёрони бахши зикргардида, аз фонди захиравии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон кӯмак дар намуди орд, равған, ниқоб, дастпӯш ва маҳлулҳои антисептикӣ дастрас карда шуд.

                                                            Олимзода Орифҷон Олим

                         сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб