Дар бораи рейд дар Фуд Ситии Москва

105 просмотров

 

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират дар робита ба санҷиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Москва, ки 26 майи соли равон дар маркази савдои «Фуд Сити» анҷом дода шуд, иттилоъ медиҳад, ки рейди мазкур нақшавӣ буда, он маҳз ба муҳоҷирони меҳнатӣ равона нагардидааст ва бо мақсади санҷиши риояи талаботҳои зиддиэпидемикӣ анчом ёфтааст.

Зимни суҳбат бо намояндагони Сафорати ҶТ ва Намояндагӣ кормандони масъули маркази тичоратии Фуд Сити аз ҳисоби ҳамватанон изҳор намуданд, ки дар рафти санҷиш ягон нафар аз муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт нашудааст.

Илова бар ин, Намояндагӣ бо масъулини шуъбаи корҳои дохилии «Коммунарка»-и шаҳри Москва, ки тибқи баъзе маълумотҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гўё, ки теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷик боздошт шудаанд, дар тамос шуда, муайян намуд, ки дар шуъбаи мазкур 26 май танҳо се нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ягон алоқаманди ба бозори Фуд Сити надоштанд, бинобар сабаби риоя накардани талаботҳои зиддиэпидемикӣ, яъне бениқобу дастпўш гаштугузор карданашон, ҷаримабандӣ шудаанд.

 

                  Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии

                                                                       ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират