Машварати корӣ бобати пешгирӣ аз сироятёбии вируси нави «коронавирус» (COVID-19) дар ноҳияи Варзоб

113 просмотров

 

         Тибқи  дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода бо мақсади таҳлили ҳолати воқеии  пешгирӣ ва табобати бемории «коронавирус»-и навъи COVID-19 ва гузаронидани корҳои фаҳмондидиҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба сафари корӣ  баромад. Дар доираи ин сафар 29 майи соли равон дар ноҳияи Варзоб ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он раиси ноҳия, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, сардухтур, роҳбарони марказҳои саломатӣ, маркази санитарӣ – эпидемиологӣ ва дигар масъулин иштирок намуданд.

Ширин Исматуллозода дастуру супоришҳо ва таъкидҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зикр намуда, иброз дошт, ки ҷараёни иҷрои чорабиниҳои пешгирии паҳншавии беморӣ ва табобати аҳолӣ таҳти назорати шахсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Зимни суханронӣ муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Мирзозода қайд кард, ки айни замон дар вазорат шабакаи «интернет» онлайн ташкил карда шуда, масъулин ҳамарўза бо диаспораҳои тоҷик ва муҳоҷирони меҳнатие, ки дар хориҷи кишвар фаъолият менамоянд, суҳбатҳо доир менамояд.

Ҳамчунин сардухтури беморхонаи марказии ноҳия Хайриддин Раҷабов иброз намуд, ки дар ҳамкорӣ бо кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути барномаҳои телефонӣ ҳамарўза аз соати 14 °° то 17 °° бо табибони таҷрибадори кишварҳои хориҷӣ оид ба бемории сироятии мазкур суҳбатҳо доир намуда, таҷриба меомўзем.

Дар машварат аз ҷониби масъулин маълумот дода шуд, ки дар ноҳия табибони оилавӣ барои пешгирии сироятёбии беморон омода карда шудаанд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки беморхонаи марказии ноҳия ба талабот ҷавобгу буда, фаъолияти он зери назорати доимӣ қарор дошта, дорувориҳои зарурӣ, либосҳои муҳофизатӣ, ниқоб ва маводҳои антисептикӣ захира карда шудаанд.

Дар интиҳои ҷаласа Ширин Исматуллозода ҷиҳати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолият, пеш аз ҳама, иҷрои саривақтии корҳои безараргардонӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки дар байни мардум ташвиқоту тарғиботи пешгирии бемориро боз ҳам пурзўр намоянд, зеро риоя нагардидани қоидаҳои санитарӣ- гигиенӣ боиси паҳншавии беморӣ мегардад.

Хотиррасон мешавем, ки чунин ҷаласаҳои корӣ таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода давоми чанд рўзи охир дар шаҳру навоҳии Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав ва Ваҳдат низ баргузор гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат фаъолияти духтурони минтақавӣ, дармонгоҳҳо, касалхонаҳо ва тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустӣ тибқи реҷа 24 соат дар шабонарўз фаъолият намуда, ташхис, қабул ва ҷобаҷокунии беморон зери назорати бевоситаи мутахассисон қарор дорад.

                                                                     Олимзода Орифҷон Олим

                                                          сардори бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                          дар ноҳияи Варзоб