Дар шаҳри Москва худканоргирӣ ва маҳдудиятҳо вобаста ба низоми рухсатномавӣ бекор карда шуд

440 просмотров

 

Шурӯъ аз 9 июни соли 2020 дар шаҳри Москва маҳдудиятҳои худканоргирӣ ва низоми рухсатномавӣ, ки аз 29 марти соли ҷорӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии пандемияи «коронавирус» (Ковид-19) татбиқ мешуд, бекор карда шуд. Фармони марбутаи раиси шаҳри Москва «бинобар беҳдошти вазъи санитарию эпидемиологӣ ва коҳиш ёфтани ҳолатҳои сироятшавӣ» дирӯз, 8 июн ба тасвиб расид.
Мувофиқи он, минбаъд шаҳрвандон метавонад, дар ҳудуди шаҳри Москва бидуни рухсатнома, аммо бо риояи талаботҳои зиддиэпидемикӣ, бо пӯшидани ниқобу дастпӯш гаштугузор намоянд.

Ҳамчунин бо фармони мазкур фаъолияти ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, суратхонаҳо ва ташкилотҳо вобаста ба кортаъминкунию интихоби коргарон, муассисаҳои таълимии хусусӣ, каршеринг ва хизматрасонии такси бо риояи талаботҳои зиддиэпидемикӣ аз 9 июн ичозат дода мешавад.

Тибқи хамин фармон аз 16 июн дастрасии кормандон ва мизоҷон ба каҳвахонаҳои мавсимии тобистона иҷозат дода шуда, ташриф ба китобхона, музей ва боғҳои ҳайвонот дар асоси чиптаҳои электронии пешакӣ харидоришуда ба хоҳишмандон имконпазир мегардад.

Аз 23 июн сар карда фаъолияти иншооти варзишии оммавӣ, аз ҷумла фитнес клубҳо, толорҳои шиноварӣ, тарабхонаву каҳвахонаҳо, ошхонаҳо ва нуқтаҳои фурӯши хӯроки умумӣ, ҳамом, толорҳои масҳ, майдончаҳои кудакона, варзишгоҳҳои назди хонаҳо ва иншооти истифодаи умум оғоз мегардад.

Аз ин рӯ, аз ҳамватанон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин муддат талаботҳои муқарраргардидаи зиддиэпидемикиро риоя намуда, нисбат ба сиҳатии худ ва атрофиён масъулиятшинос бошанд.

 

                                             Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират

                                    ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират