Раисони ноҳияҳо вазифадор гардиданд

462 просмотров

 

 

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Суғд вобаста ба муҳоҷирати  дохилӣ ва экологӣ масъалаҳои ба тасвиб расонидани қарори дахлдор дар шаҳру ноҳияҳо, ҷудо ва вобаста намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, дастрас кардани қарзҳои имтиёзнок, ба минтақаи нав сафарбар намудани муҳоҷирони дохилию экологӣ, ташкили инфрасохтор ва бунёди манзили зист дар меҳвари фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, комиссияҳои байниидоравӣ оид ба танзими муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ маҳз бо ҳамин мақсад ташкил шудаанд. Ин масоил зимни машварати корӣ дар шаҳру навоҳии вилоят низ мавриди баррасии ҳаматарафа қарор гирифта истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи раиси вилоят аз рӯзи 6 то 13 июни соли равон дар 16 шаҳру ноҳияҳо ташкили машварати корӣ бо иштироки муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, раисони шаҳру навоҳӣ ва масъулини соҳаҳои иқтисодиёту сохтмон ба нақша гирифта шудааст. Ҳамин гуна машварат рӯзи 9 июн дар ноҳияҳои Деваштич ва Зафаробод доир гардид, ки дар онҳо мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Ҳусейнҷон Зоидов раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро намояндагӣ кард. Зафаробод ягона ноҳияи қабулкунандаи муҳоҷирони дохилию экологӣ дар вилояти Суғд буда, муҳоҷирони дохилию экологии ноҳияи Деваштич асосан ба ҳамин ноҳия интиқол дода мешаванд. Давоми солҳои 2016 – 2018 кӯчонидани 100 оилаи муҳоҷирони дохилӣ аз ноҳияи Деваштич ба ноҳияи Зафаробод ба нақша гирифта шуда буд вале аз сабаби набудани фонди манзил каме дертар – соли 2019 бо қитъаи замини наздиҳалигӣ таъмин гардиданд.

Мутобиқи тартиби кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаҳои камзамини кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобида вазифаи асосӣ ва масъулият, пеш аз ҳама ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор аст. Бо ибораи дигар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки дар баробари қабули қарори дахлдор муҳоҷирони экологию дохилиро бо қитъаи замин, таъмин намуда, рафти сафарбаркунӣ ва бунёди манзили истиқоматиро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд. Дар ин радиф ба вуҷуд овардани инфрасохтори зарурӣ ва фароҳам сохтани шароити мусоиди зиндагӣ барои муҳоҷирон ҳам аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки бояд мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ибтикори худ ва ҷалби донорҳо анҷом диҳанд.

Бо назардошти ин, муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ба раиси ноҳияи Зафаробод барои таъмини саривақтии муҳоҷирон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва фароҳам овардани инфрасохтор, ба раиси ноҳияи Деваштич барои дар муҳлати муқарраргардида муташаккилона сафарбар намудани оилаҳои муҳоҷир ва оғози корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон раиси ноҳияи Деваштич барои ҳарчи зудтар ба имзо расонидани қарори дахлдор оид ба ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба 14 оилаи муҳоҷирони экологӣ дар мавзеъҳои бехавф вазифадор шуд.

                                                                                     Мардон ҚУРБОНОВ