Ҳама чиз мегузарад, дидаву рӯ мемонад…

704 просмотров
Нурулло ҒАФУРИЁН – корманди шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии Хадамоти муҳоҷират

Шунидани хабари шуми пайдоиши вируси барои инсоният   ноошно як бора баҳору фасли гарморо рабуда, хотири парешон ва дилсӯзиро ҳамроҳ овард. Тамоми сокинони Сайёра мисраи анқариб як ҳазорсола қабл гуфташудаи “Бани одам аъзои якдигаранд”-ро акнун дарк намудаву даст ба дасти ҳамдигар доданд. Чунон иттиҳоде бархост, ки таърих назирашро надида буд. Аз як тараф ҳарчи бештар паҳн гардидани коронавирус бани одамро дар пайроҳаи сардаргумиҳо раҳо кардаву аз тарафи дигар ин иттифоқ ва “мо” шудани “манҳо” ба судур тавони тозае мебахшид. Тоҷикистону мардумаш аз аввалин рӯзҳои мусибатбор ва ҷанг бо бемории тозапайдо даст ба китфи мардуми сироятёфтаи мамолики ҷаҳон ниҳода, яке бо хабарҳои хуш, дигар бо дастгирии моддӣ ва саввумин бо дуои хайр ба беморон кӯмак мерасонданд. Тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуданд, то ин вирус, ки дар ибтидо воҳимааш даҳчанди қудраташ буд, сарҳади Тоҷикистонро убур накунад. Аммо…

   …”Каждумҳои таги бурё” сар карданд ба неш задан ва ҳангомасозӣ миёни мардум. Лаҳзае, ки ҳанӯз КОВИД қадами наҳсашро ба кишвар наниҳода буд, ба бархе то ҷое муяссар гардид, ки тарсу ҳаросро дар дили сокинони осудаи мамлакат ҷо намоянд. Ин аст дастгирии бархе аз “худиҳо” дар рӯзҳои сахт? Магар барои хоину носипос хондани ин гурӯҳҳо шакку тардиде мемонад?

    Ба мисли рӯз равшан аст, ки ҳатто агар тамоми сарҳади Тоҷикистони азиз     бо деворе бартар аз Девори Бузурги Чин ҳимоя мешуд ҳам, боз вируси ковид онро убур мекард. Аввали моҳи охири баҳор чунин ҳам шуд. Лаҳзае фаро расид, ки тоҷик бояд дар баробари дигар халқу миллатҳо ин имтиҳони илоҳиро  мегузашт. Кӯчаҳои холӣ, боғҳои беодам ва беморхонаҳои пур ҳузне бар дили баъзеҳо эҷод накард. Баракс, наздик буд, ки наҳзатиҳо табли шодӣ менавохтанду аз хушҳолӣ мерақсиданд.

    Бо суръати баланде паҳн шудани вируси корона то ҳадде ба руҳу равони мардум таъсир кард, аммо иродаи қавии мардумро шикаста натавонист. Миллати тоҷик дар маҷрои пурамвоҷи таърих чунон даҳшату фалокатҳоеро пушти сар карда, боз устувор мондааст, ки ин вабо наздашон қатрае аз баҳр аст. Дар аввалин рӯзҳои “тантанаи” беморӣ Пешвои гиромии миллатамон баромад намуда, мардумро ба риоя намудани тамоми меъёрҳои тавсиявии табибон даъват намуд. Ҷаноби Олӣ қайд намуданд, ки кишвар ва сокинонаш тайи се моҳе, ки ҷаҳон бо ин мараз дасту панҷа нарм мекард, дар амон буданд ва дар ин муддат таёрии лозимаро дидаанд.

    Масали мардумист, ки мегӯяд: “Аз мост, ки бар мост”. Нек кардем нек ва бад кардем бад мебинем.  Аз хубии мардуми асиламон буд, ки кишварҳои дусту бародарамон ба андуҳ гирифтор шудаву ҳар яке дасти мадад дароз намуданд. Аз ҷумла, бародарони узбек, ки худашон низ на камтар аз мо ба табибон-қаҳрамонони аср ниёз доштанд, дар аввалин фурсат маводҳои зарурӣ ва табибони моҳирашонро дарои дастгирии мо фиристоданд. Аҳсант дуст! Аҳсант бародар! Аҳсант ҳамсоя!

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

         Иттиҳоду дустиву бародариву баробарӣ буд, ки дар муддати ҳамагӣ як моҳ вазъ ба эътидол омадан сар кард. Шаст дар сади беморон сиҳат шудаву боқимонда бемориро ба сабукӣ гузаронида истодаанд. Беморхонаи Ибн Сино дар таърихи понздаҳуми июн охирин нафари ба ковид-19 мубталошударо мураххас намуд. Фатҳ наздик аст! Шодӣ наздик аст! Тантана наздик аст!

     Акнун, баъд аз сипарӣ намудани рӯзҳои сахт, ҳайронам, ки бо кадом рӯй тафриқаангезону ҳангомасозон ба чашми мардуми хеш менигаранд? Дар рӯзи андуҳи мо шодӣ намудаву ба хотири дастони сиёҳи худро пок намудан, ба мардони майдон буҳтон заданд ва  тафреҳ намуданд. Бо кадом ақл то ҳол пушти пардаи ислом бозиҳои сиёсии зархаридонаи худро доир мекунанд? Бо камоли бешармӣ, нохудогоҳӣ ва шармандагӣ?

Ту к-аз меҳнати дигарон бе ғамӣ,

Нашояд, ки номат наҳанд одамӣ.