МУЛОҚОТИ МУСТАҚИМИ ГУЛРЎ ҶАББОРЗОДА ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ДИРЕКТОРИ ДАФТАРИ ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МЕХНАТ (ТБМ) БАРОИ КИШВАРҲОИ АВРУПОИ ШАРҚӢ ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ ОЛГА КУЛАЕВА

484 просмотров

 

 

17 июни соли ҷорӣ  мулоқоти мустақими  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулрў Ҷабборзода бо директори Дафтари Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат барои кишварҳои  Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Олга Кулаева доир гардид.

Мақсад аз баргузории мулоқот муҳокимаи масъалаҳои марбут ба вазъи бозори меҳнат, ҳифзи меҳнат ва чораҳои пешбинишуда дар давраи пандемияи COVID-19   буда, ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар самти марбута  ибрози ақида намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии бозори меҳнати ҷаҳонӣ ва дохили  кишвар  дар давраи пандемия ва роҳҳои беҳтар намудани  он, инчунин дар иртибот ба тасвиб расидани Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар, ки дар натиҷа як қатор имтиёзҳо ба соҳаҳо, бахусус ба соҳибкорони кишвар дода шудааст, баррасӣ намуданд.

Аз ҷониби роҳбари   Дафтари ТБМ дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, вобаста ба нигоҳдории ҷойҳои корӣ ва дастгирии гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ дар бозори меҳнат бо такя ба таҷрибаи ҷаҳонӣ тавсеаҳои мушаххас дода, баҳри  амалӣ гардидани лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар самти тақвияти  муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи меҳнат ва  бозори меҳнат равона гардиданд,  ибрози омодагӣ намуд.

Дар робита ба ин, ҷонибҳо дар  самти муносибатҳои меҳнатӣ ва бозори меҳнат бо таҳияи ҳуҷҷатҳои консептуалӣ ва гузаронидани таҳлили бозори меҳнат бо истифода аз воситаҳои муосир  ба мувофиқа расиданд.

Гулрў Ҷабборзода дар иртибот ба баргузории вебинарҳо барои кормандони вазорат бо фарогирии мавзўҳои мубрами самтҳои дахлдори вазорат, ки аз ҷониби ТБМ пайваста  доир мегардад, изҳори қаноатмандӣ намуд. Таъкид карда шуд, ки омўзишӣ бозори меҳнати ҷаҳонӣ барои масъулини вазорат амри воқеӣ ва саривақтӣ буда, таҷрибаи байналмилалӣ ба мо имкон медиҳад, ки дар шароити пандемия муносибатҳои меҳнатӣ ва бозори меҳнат самаранок ба танзим дароварда шаванд.

Дар интиҳо аз ҷониби  Олга Кулаева ҷиҳати ширкат дар Форуми глобалии меҳнат, ки 1-9 июли соли ҷорӣ мустақиман баргузор мегардад, аз роҳбарияти вазорат даъват ба амал оварда шуд.

Ҷонибҳо дар фарҷом аз ҳамкориҳои самарабахш изҳори қаноатмандӣ намуда, баҳри густариши муносибатҳои  мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.

                                       Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии

                                                                                Ҷумҳурии Тоҷикистон