Корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирии бемории (COVID -19) идома дорад

413 просмотров

 

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7-уми феврали соли 2020 то 6-уми июни соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб 2053 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ воридшудагон (аз ин шумора шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой 65 нафар, Кореяи Ҷанубӣ 1 нафар, ИМА 3 нафар, Белорусия 1 нафар) тибқи тартиб ба карантин фаро гирифта шудаанд, аз ҷумла дар МД беморхонаи марказии ноҳия 319 нафар, ҶСК «Хоҷа-Оби-Гарм» 733 нафар, МД осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон» 205 нафар, истироҳатгоҳи бачагонаи «Барқчиён» 796 нафар фаро гирифта шудаанд.

Тавре бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ноҳияи Варзоб хабар дод, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ, ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои ноҳия 2727кг хлор, маҳлули безараргардонии спиртӣ (70%) 2381 дона, 8010 ҷуфт дастпўшаки яккарата, пойафзоли резинӣ 60 ҷуфт, бахил 1300 адад, айнак 125 адад, 425 адад либоси изолятсионӣ, 16071 ниқоб, 200 пешбандак харидорӣ карда шуд.

Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароит дар муассисаи кўмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия маводҳои зарурӣ оиди пешгирӣ аз бемории сироятии “Коронавирус” ниқобҳои тиббӣ ба миқдори 2000 адад, айнакҳои тиббӣ 6 адад, ҳароратсанҷи масофавӣ 5 адад, сўзандоруҳо ба миқдори 4500 дона, халати муофизатии бисёркарата 20 адад, спирти 95% 30 литр, собуни моеъ 125 литр ва антисептик барои безараргардонии дастон 40 дона дастрас гардид.

Вобаста ба супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пардохти иловапулӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ, аз ҷониби раёсати молияи ноҳия ба кормандони беморхонаи марказӣ ва муассисаи кўмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия ба маблағи 129378 сомонӣ пардохт карда шуд.

Дар ин раванд, бо мақсади тақвият бахшидани самти зикргардида, вобаста ба пешгирии бемории сироятии “Коронавирус” дар деҳаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, марказҳои хизматрасонӣ бо маром идома дошта, 72000 литр гипохлориди натрий корҳои безараргардонӣ гузаронида шуданд. Аз тарафи вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия, соҳибкорон, шахсони саховатманд ба аҳолии деҳот 25600 адад ниқоб, маҳлули безараргардонии спиртӣ (70%) 1000 дона дастрас гардид.

Ҳамзамон 52000 м дохили биноҳои ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳо бо маҳлули махсус безарар гардонида шуд.

Айни замон аз тарафи бахши Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, КИ ҲХДТ, бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба сокинони ноҳия ба ҳолати 19-уми июни соли ҷорӣ ёддоштҳо дар мавзуъҳои «Худ ва дигаронро аз сирояти “Коронавирус” (COVID-19) ҳифз намоед» ба теъдоди 15600 нусха дастрас гардида, насб намудани шиору овезаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ идома дорад.

Инчунин, бахши Хадамоти муҳоҷират муроҷиатномаи худро оид ба пешгирӣ аз сироятёбии бемории “Коронавирус” (COVID-19) тавассути масъулин ба сокинони ноҳияи Варзоб ба теъдоди 635 нусха дастрас гардонид.

         Ёдовар бояд шуд, ки корҳои фаҳмонидадиҳӣ, тибқи муқаррароти мавҷуда оид ба риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, бе зарурат гашту гузор накардани сокинон дар кўчаҳо, масофаи муайян ҳангоми истироҳат, истифодаи ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ гузаронида мешавад.

                                                                           Олимзода Орифҷон Олим

                                                          сардори бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                          дар ноҳияи Варзоб