Намояндагӣ дархости коргар кард

391 просмотров

 

Бо бекор гаштани маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи Ковид 19 дар аксар минтақахои Федератсияи Россия имкониятҳо ҷиҳати фаъолияти корӣ, аз ҷумла барои муҳоҷирони меҳнатӣ васетар гардид. Дар яке аз марказҳои таҷаммўи шаҳрвандони хориҷӣ, яъне дар шаҳри Москва аз 23 июн марҳилаи дуюми маҳдудиятҳо (шурўи фаъолияти пурраи ташкилоту муассиса, корхонаву ширкатҳои хизматрасонӣ, истеҳсолӣ, фароғатию солимгардонӣ) бекор карда шуд, ки он барои фаъолияти садҳо ҳазор ҷойҳои корӣ мусоидат менамояд.

Гарчанд дар давраи худканоргирӣ ва маҳдудиятҳо фаъолияти ширкатҳои сохтмонӣ пурра қатъ нагардида бошад ҳам, қисме аз корхонаҳои марбут ба таъмиру сохтмон фаъолияташонро қисман боз дошта буданд. Бо анҷоми маҳдудиятҳо имрўзҳо аксари ширкатҳои сохтмонӣ фаъолияти худро бапуррагӣ ба роҳ монданд ва табиист, ки ба коргарону мутаххасисон эҳтиёҷ пайдо карданд.

Чун яке аз самтҳои асосии фаъолияти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират – ин мусоидат дар бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони тоҷик дар кишвари иқомат ба ҳисоб меравад, дар ин давра аз ҷониби Намояндагӣ пайваста бо корфармоёни потенсиалӣ, роҳбарони субъектҳои хоҷагидори манотиқи гуногуни ФР вохўрию мулоқотҳо оид ба ҷойҳои кори муносиб таъмин намудани ҳамватанон доир карда мешавад.
Чунин як вохўрӣ 24 июн дар дафтари Намояндагӣ бо роҳбари яке аз ширкатҳои сохтмонӣ баргузор карда шуд.

Зимни мулоқот масъалаи таъмини муҳоҷирони тоҷик бо ҷойи кор дар ширкати мазкур баррасӣ шуданд.

Дар суҳбат роҳбари корхона изҳор намуд, ки ширкати онҳо ба сифати пудратчӣ сохтмонӣ як қатор иншоотро дар шаҳр ва вилояти Москва ба уҳда гирифтааст ва айни замон ба 100 коргар эҳтиёҷ дорад.
Мувофиқи иттилои корфармо айни замон дар сохтмони иншоот, воқеъ дар ноҳияи Одинсовои вилояти Москва 50 нафар хиштчин ва дар сохтмони иншоот дар ноҳияи Филии шаҳри Москва 50 нафар мутахассису коргари оддӣ лозиманд. Корхона омодааст, музди меҳнати мутахассисонро то 60 ҳазор рубл ва соати кории коргарони оддиро аз 200 то 250 рублӣ пардохт намояд.

Коргарон дар асоси талаботҳои Кодекси меҳнати ФР ба кор ҷалб хоҳанд шуд. Доштани патент ва қайди муҳоҷиратӣ (регистрация) ҳатмист. Кормандон бо ҷои хоб бо шароити хуби маишӣ ройгон таъмин карда мешаванд.

Ҳамватаноне, ки дар шаҳр ва вилояти Москва иқомат менамоянд ва хоҳиши дар сохтмон кор кардан доранд, метавонанд бо рақамҳои зерин ба Намояндагӣ муроҷиат кунанд:

+7(495)967-98-44;
+7901 422 35 78;
+7926255 09 27.

                                Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли

                                                         аҳолии ҶТ оид ба муҳоҷират дар ФР