Минтақаҳои хавфнок омӯхта шуданд

411 просмотров

 

Бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар самти танзими муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби табиӣ, муайян намудани дурнамои муҳоҷирати дохилии аҳолӣ, банақшагирӣ ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта, аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф интиқол додани муҳоҷирони экологӣ ва аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ кӯчонидани муҳоҷирони дохилӣ, беҳтар гардонидани инфрасохтори деҳот, дар заминаи эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар радифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят ва Корхонаи воҳидии “Экспедитсияи комплексии геологияи Қайроққум” ҳамкории густурда дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки соли равон вазъи татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ дар миқёси вилояти Суғд аз ҷониби намояндаи масъули Хадамоти муҳоҷират, муовини сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Хайриддин Маҳмадуллозода мавриди санҷиши амиқ қарор гирифт. Дар доираи ин санҷиш масъалаи муҳоҷирати дохилию экологӣ дар сатҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва вилоят баррасӣ гардид.

Дар ин радиф тибқи супориши Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода гурӯҳи муштараки корӣ иборат аз намояндагони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва Корхонаи воҳидии “Экспедитсияи комплексии геологияи Қайроққум” бобати аз нав дида баромадани минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ хавфнок эътирофгардидаи шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен корбарӣ кард.

Аз ҷониби Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Ҳусейнҷон Зоидов ба ҳайати ин гурӯҳ шомил буд.

Вобаста ба ҳар як санҷиши гузаронидашуда санади дахлдор тартиб дода, ба масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод гардид. Гурӯҳи корӣ ҳамчунин бо оилаҳои муҳоҷири дохилӣ ва экологӣ ба қайд гирифташуда мулоқот анҷом дод.

Аз нав дида баромадани минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ хавфнок имкон медиҳад, ки ба лоиҳаи нақшаи муҳоҷирати экологии аҳолӣ барои солҳои 2021 – 2023 оилаҳои ниёзманд ба таври аниқ дохил карда шаванд.

 

Мардон ҚУРБОНОВ