Амали хайри ҳамватанони бурунмарзӣ

468 просмотров

 

 

Мушкилоте, ки бар асари бемории КОВИД – 19 ба сари сокинони кишвари мо ҳам омад, ягон фарди хайрхоҳу огоҳдилро бетараф намегузорад. Лозим ба ёдоварист, ки дар самти дастгирию ғамхорӣ нисбат бо сокинон, аз ҷумла шахсони мубталои беморишуда, табақаҳои ниёзманду қишрҳои осебпазири ҷомеа, муассисаҳо ва кормандони соҳаи тандурустӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи ибрати ҳамагон мебошанд ва иқдому ташаббусҳои ватандўстонаашон дар маҳалҳо мавриди пайравӣ қарор мегирад.

Амали хайру савобе, ки ҷавобан ба дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат соҳибкорон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар шаҳрҳои Исфараю Истаравшан анҷом доданд ва анҷом дода истодаанд мисоли ягона набуда, соҳибкорон ва ҳамватанони бурунмарзиамон дар дигар шаҳру навоҳӣ низ бо иқдомҳои шоиста дўстдори Ватан ва хайрхоҳи халқ буданашонро собит сохтанд.

Аз ҷумла, як гурўҳ соҳибкорон ва ҳамватанони бурунмарзӣ, ки аслан зодаи шаҳри Конибодом ҳастанд, ба маблағи зиёда аз 600 ҳазор сомонӣ ба муассисаҳои тандурустӣ корҷомаҳои махсуси яккарата, дастпўшаку ниқоби муҳофизатӣ, маводҳои шустушўии безараргардонанда ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас намуданд. Боиси қайд аст, ки ин афроди хайрхоҳ дастгирии кормандони соҳаи тандурустӣ ва табақаҳои ниёзмандро фаромўш накарданд ва саховату эҳсонашон боиси қаноатмандии аҳли диёр гашт.

 

Мардон ҚУРБОНОВ