Корҳои профилактикӣ ҷиҳати пешгирӣ аз “Коронавирус”

399 просмотров

 

Дар ноҳияи Варзоб ҷиҳати пешгирӣ аз “Коронавирус” корҳои профилактикӣ доир шуда, корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ ва  осоишгоҳҳо бо маҳлулҳои антисептикӣ, хлор ва дигар маводҳои зиддивирусӣ таъмин мебошанд. Тавре сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия О. Олимзода иттилоъ дод, бемории сирояти “Коронавирус” бештар ба шахсони гирифтори бемории вируси норасоии масунияти одам, фишорбаландӣ, бемории қанд ва нафароне, ки иммунитети баданашон нисбатан паст аст, таъсири манфӣ мерасонад.

«Ҳоло дар ноҳия 1184 нафар бо бемории роҳҳои нафас ба қайд гирифта, аз ин шумора 925 нафар бо ташхиси илтиҳоби роҳҳои нафас ва шушҳо, 589 нафар табобати амбулаторӣ ва 336 нафар табобати беморхонагӣ гирифтанд. Аз ин шумора 29 нафар бо ташхиси бронхопневмония ба қайд гирифта шуда буд, ки 27 нафар дар ҳолати сабук ва 2 нафар дар ҳолати миёнавазнин қарор дошта ба  табобати амбулаторӣ фаро гирифта шуданд»,- гуфт номбурда.

Ба зикри Орифҷон Олимзода, имрӯз бахши Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва сохторҳои он, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   баҳри пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирии интиқоли «Коронавирус» ва ҳифзи сокинони ноҳия корҳои фаҳмондадиҳиро дар сатҳи баланд ба роҳ мондааст.

Ӯ қайд кард, ки аз  25 то 30 июни соли ҷорӣ 304 нафар, аз он ҷумла 97 нафар занон, 57 нафар ноболиғон шаҳрвандони ватанӣ, ки аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ воридшудагон дар истироҳатгоҳи бачагонаи «Барқчиён» бистарӣ гардида, онҳоро муддати кӯтоҳ нигоҳ дошта, баъди натиҷаи ташхиси табибон ба макони зисташон рухсат дода шуд.

Вобаста ба гардиши хона ба хона аз ҷониби кормандони муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия ва муассисаи давлатии беморхонаи марказии ноҳия бо мақсади дарёфт намудани беморон бо таби баланд ва гумонбарони «Коронавирус» гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки бемории сироятии «Коронавирус» COVID-19 қариб тамоми ҷаҳонро фаро гирифта, олимони соҳаи тиб кӯшиш ба он доранд, ки ҳарчи зудтар пеши роҳи ин пандемияро гиранд. Ҳоло аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати пешгирии «Коронавирус»  тамоми чораҳо анешида шуда истодааст. Маҳз чунин чораандешӣ аст, ки рӯз то рӯз шумораи беморони КОВИД-19 кам шуда истодааст.

                                       Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб