Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни қишрҳои осебпазири ҷомеа

357 просмотров

 

 

 

Ба чорабинии навбатии иттилоотӣ – маърифатие, ки бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ гузаронида шуд, ин навбат асосан ҷавонони аз хизмати ҳарбӣ ҷавобшуда ва маҳбусони ба озодӣ баромада ҷалб гардиданд. Бино ба иттилои ташкилкунандагон, ин гурӯҳи шаҳрвандон қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар марҳилаи имрӯза, ки паҳншавии бемории сироятии КОВИД – 19 мушкилоту муаммоҳои рӯзгорро бештар сохтааст, онҳо бештар ба ғамхорию дастгирӣ ниёз доранд.

Чорабинӣ таҳти унвони “Худ ва дигаронро аз бемории “Коронавирус” эмин доред!” дар даромадгоҳи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷараён гирифт.

Ташкилкунандагон дар навбати аввал иштирокчиёнро бо қоидаҳои санитарӣ – гигиенӣ ва пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба бемории КОВИД – 19 ва дар умум ҳама намуди бемориҳои гузаранда шинос намуданд. Ба онҳо дастур дода шуд, ки аз маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ ба таври доимӣ истифода бурда, саломатии худу дигаронро ҳифз намоянд.

Чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ дар шакли мулоқот ва суҳбати озод ҷараён гирифта, қисмати хотимавии он аз саволу ҷавоб иборат буд.

Намояндагони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ баён доштанд, ки дар мавриди фаро гирифтани ҷавонони хизмати ҳарбиро баитмомрасонида ва маҳбусони аз маҳбас ба озодӣ баромада ба касбу забономӯзӣ, шуғли доимию мавсимӣ ва меҳнати ҷамъиятии музднок, ҳамчунин расонидани кӯмаки молиявии муқаррарнамудаи давлат ҳамеша омода ба хизмат ҳастанд.

 

                                                                  Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                        дар шаҳри Хуҷанд