Ҷамъбасти шашмоҳа дар Хадамоти муҳоҷират

331 просмотров

Дар маҷлиси ҳисоботие, ки Хадамоти муҳоҷират оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи соли равон ва вазифаҳои минбаъда доир кард, Сардори Хадамот Тоҳир Каримзода, аз ҷумла иброз намуд, ки ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи  муҳоҷират ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ  аз ҷониби Хадамот дар ҳамбастагӣ бо Раёсати муҳоҷирати аҳолии вазорат, лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқаррар намудани квотаи муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 7500 нафар барои соли 2020” ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират” – ро дар таҳрири нав таҳия  ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намуд, ки ҳоло дар баррасии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Ӯ қайд кард, ки дар доираи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои асосии қабулкунанда, 30 январи соли 2020 дар толори Хадамоти муҳоҷират, ҷаласаи 14-уми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Россия оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия  оид ба фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004 баргузор гардид. Зимни ҷаласаи Гурӯҳи корӣ проблемаҳоеро, ки барои таҳкими ҳамкориҳо дар самти фаъолияти меҳнатӣ ва ҳимояи манфиати муҳоҷирони меҳнатӣ дар асоси қонунгузории давлати қабулкунандаи қувваи корӣ, анҷом дода шудаанд, мавриди баррасӣ карор дода, густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро бо мақсади ҳаллу фасли масъалаҳои дар Созишномаи мазкур пурра арзёбӣ гардида равона намуданд.

Ҳангоми баррасии ин масъалаҳо ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ҳамкориҳои дуҷонибаро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷират, алалхусус таҳияи лоиҳаи созишномаҳои дахлдор дар соҳаи муҳоҷират, такмили механизми баррасии манъи вуруди гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия, бартараф ва пешгирии амалҳои марбут ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ки беасос ва ғайриқонунӣ рух медиҳанд ва рушди мубодилаи иттилоотӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират ба роҳ монда шавад.

Роҷеъ ба ин масъала дар шашмоҳаи соли 2020 маълум гардид, ки зиёда аз 483 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварамон ҳамчун муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа қарор доранд.

Қобили қайд аст, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин росто, шаҳрвандон бо се восита муроҷиат менамоянд, ин муроҷиати шифоҳӣ, муроҷиати хаттӣ ва муроҷиати телефонӣ мебошад. Аз натиҷаи ҷамъбасти маълумотҳои воридгардида бармеояд, ки ба ҳолати 20 июни соли равон ба дастгоҳи Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он  18288 нафар  шаҳрвандон  муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 17361 нафар шифоҳӣ, 81 нафар муроҷиати хаттӣ ва 846 нафари онҳо бо  телефони боварӣ муроҷиат намуданд.

Ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Россия  6749 нафар, ки дар рӯйхати манъшудагон дар маҳзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират ба қайд гирифта шуда буданд, аз сафари бебарор баргардонида шуданд. Тибқи муқаррарот ба 4912 нафар тавсия ба касбомӯзӣ ва ба 1718 нафар тавсия барои ҷойи кор дар дохили кишвар дода шуд. Дар натиҷа 359 нафар дорои касб гардида, 171 нафар дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон бемории навъи COVID-19 паҳн гардида, он ба раванди муҳоҷирати меҳнатии байналмилалӣ низ таъсири манфии худро расонида истодааст. Тибқи муқаррарот рафти муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа, асосан фасли баҳор оғоз ёфта то аввали фасли тобистон идома меёбад. Мутассифона, бо сабаби басташавии сарҳади давлатҳои хориҷӣ бо кортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин давра аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор дар хориҷи кишвар фаъолият бетағийр монда шуд. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 16 субъекти хоҷагидор дорои иҷозатномаи хадамот буда, барои  интиқол додани қувваи корӣ ба хориҷи кишвар машғул мебошанд, Дар ин замина, ба ҳолати имрӯза 9 субъекти хоҷагидор фаъолиятро ба роҳ монда, 1048 нафар муҳоҷирони меҳнатиро дар хориҷа бо кор таъмин намуданд.

Вобаста ба корҳои иҷрошуда сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, Суғду Хатлон, инчунин шуъбаву бахшҳо дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва директорони «Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» гузориш доданд.

Дар фарҷом муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар, аз фаъолияти кормандони Хадамоти муҳоҷират дар 6 моҳи соли ҷорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, дастур доданд, ки камбудиҳои ҷойдошта ҳарчӣ зудтар бартараф намоянд.

                                                                                         Анвар ЮСУПОВ