ҶАМЪБАСТИ фаъолият дар НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2020: НАТИҶА ВА ДУРНАМО

386 просмотров

 

14 июли соли ҷорӣ ҷаласаи васеи Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки онро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷабборзода Гулрӯ раисӣ кард. Дар кори ҷаласа раиси Иттиҳодияи Корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов А.Ф., муовини якуми Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Назарзода Н., намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули дастгоҳи марказӣ, роҳбарони сатҳу зинаҳои муассисаҳои гуногуни тобеи вазорат, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, раёсат, шуъба ва бахшҳои он дар вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ иштирок доштанд.

Дар ҷаласа муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода А.А. аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2020 маърӯза намуд.

Муовини якуми Вазир дар маърӯза қайд намуд, ки бо мақсади мустаҳкам ва фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии  соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ 16 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид, ки аз ин 1 адад ба тасвиб расида, 10 адад дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 адад дар мувофиқаи вазорату идораҳо қарор доранд.

Таъкид гардид, ки тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 ноябри соли 2019 музди миёнаи меҳнат 1323,9 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 111,7 сомонӣ ва ё 9 фоиз зиёд шудааст.

Дар соҳаҳои бахши воқеӣ музди миёнаи меҳнати аз ҳама зиёд дар истихроҷи канданиҳои фоиданок 2576,8 сомонӣ, сохтмон 2395,0 сомонӣ ва  неруи барқ, газ ва таъминоти об 2002,0 сомонӣ буда, сатҳи пасттарини он дар  соҳаи кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ 542,9 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар робита ба пешгирию бартарафсозии қонунвайронкунӣ ва ҷуброни ҳаққу ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон дар раванди муносибатҳои меҳнатӣ аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолияти 2069 субъектҳои хоҷагидор мавриди санҷиш қарор дода шуданд, ки аз онҳо 1662 адад санҷиши нақшавӣ, 375 адад санҷиши ғайринақшавӣ, 31 адад санҷиши такрорӣ ва 1 адади он санҷиши иловагӣ мебошанд.

Инчунин, дар ин давра мувофиқи нақшаи тасдиқшуда дар ҷумҳурӣ 41 оилаи муҳоҷирони дохилӣ ва 132 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардида, дар мавзеъҳои нави зист ба қайд гирифта шудаанд.

Дар робита  ба анҷом расидани муҳлати татбиқи  Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Тоҷикистон то соли 2020 иттилоъ дода шуд, ки аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо ва ҷалби коршиносони байналмиллалӣ Гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, таҳияи ҳуҷҷати нави стратегии консептуалӣ  дар ин самт шурӯъ гардидааст.

Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб дар ҷумҳурӣ 342 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 7 461 нафар бекорон ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб карда  шуданд.

Бо мақсади дар муддати панҷ соли оянда соҳибкасб гардонидани шаҳрвандони синну соли аз 18-сола боло лоиҳаи “Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” таҳия гардида, дар мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.

Бобати фаъолияти вазорат, дар самти таҳкими муносибатҳои хориҷӣ қайд гардид, ки айни замон дар вазорат 11 адад лоиҳаи санадҳо бо мақомоти дахлдори Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Тотористон, Корея ва Швейтсария таҳия гардида, дар мувофиқаи тарафҳо қарор доранд.

Ҳамзамон, тайи давраи ҳисоботӣ аз ҷониби роҳбарияти вазорат бо роҳбарони як қатор ҳайати дипломатӣ, намояндагони ташкилотҳои хориҷиву байналмилалӣ дар маҷмуъ 29 вохӯрӣ ташкил карда шуда, масъалаи дурнамои хамкорӣ дар соҳаҳои марбут ба фаъолияти вазорат мавриди муҳокима қарор гирифта, самтҳои афзалиятноки соҳа ҷиҳати саҳмгузорӣ ва ҳамкорӣ пешниҳод карда шуданд.

Раисикунандаи ҷаласа Ҷабборзода Гулрӯ  аз сардорони Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Муродзода Д.Ҳ., сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Т., муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Носирзода Д, роҳбарони муассисаҳои тобеи номбаршуда дар вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат роҷеъ ба масъалаҳои ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, баҳри бартараф намудани камбудиҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки неруи кадрии вазорат ва сохторҳои  он минбаъд низ тамоми донишу маҳорати касбии худро ба амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани стратегияву барномаҳои давлатӣ ва расидан ба ҳадафҳои миллӣ кӯшишҳо ба харҷ хоҳанд дод.

Дар интиҳо аз ҷониби аъзои Ҳайати мушовара аз рӯи натиҷаҳои масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда  қарори дахлдор қабул карда шуд.

 

                                                    Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли

                                                                аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон