Чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, санҷиш ва огоҳикунанда пурзӯр карда шуд

359 просмотров

 

 

Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр,  Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар, Маркази тарзи ҳаёти солим ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат дар дар ҳудуди ҷамоату деҳотҳо ва маҳаллаҳои маркази шаҳр ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ COVID-19 гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, санҷиш ва огоҳикунандаро пурзӯр карда шуд.

Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Ваҳдат таъкид карда шуд, ки яке аз василаҳои эмин мондан аз ин беморӣ бе зарурат ба кӯча набаромадан аст. Аз ҷониби гурӯҳи мазкур таввасути радиоузел пайиҳам тавсияҳо дода шуданд.

15-уми июли соли равон аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ҷамоати шаҳраки Нӯъмон Розиқ, бо 55 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва шаҳрвандон дар масъалаҳои мазкур ва роҳҳои пешгирии он, суҳбату вохӯри гузаронида шуд.

Дар ҳамоиш ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо расонида мешавад, ки ба ваъдаи пучу бемаъни ҳар ҳизбу ҳаракати ифротӣ дода нашуда, ҳушёри ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Бо овардани мисол аз пушаймонии баъзе ҷавонон ва шахсони ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтода, онҳоро бори дигар таъкид намуданд, ки аснои муҳоҷирати меҳнатӣ, талаботи қонунҳои давлати қабулкунандаро риояи қатъӣ намуда, нисбати маданият ва таъриху фарҳангашон арчгузорӣ намоянд.

Инчунин, ба ҳозирин оиди хавфҳои эҳтимолии паҳншавии бемориҳои сирояти “Коронавирус” ва ВНМО дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, барои пешгирӣ ва муҳофизат аз хавфҳои бемории мазкур ба онҳо тавсияҳо дода шуд, аз ҳузур дар ҷойҳои серодам ва дар ҳавои гарм безарурат аз сайру-гашт худорӣ намуда, пӯшидани ниқоб ва фосилаи байниҳамдигариро риоя намоянд, зуд-зуд дастонро бо маҳлулҳои зидди бактериявӣ ё антисептикӣ безарар гардонанд. Дар сурати эҳсос намудани табъи баланд, сулфа ва нафаскашии душвор аз ниқобҳои яккарата ва дастпушакҳо истифода бурда, сари вақт ба духтури минтақавӣ муроҷиат намуда, бе ташхиси табибон ба худтабобаткунӣ машғул нашаванд.

Имрӯзҳо бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат бо аҳолӣ ва сокинони маҳаллаҳову биноҳои баландошёна, боғу гулгашт, дӯкону мағозаҳои хӯроки умумӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории ҳамагири «Коронавирус»-и нави КОВИД-19  пай дар пай корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуда истодаанд.

                                                                                                  Р. Ҳалимзода

                                                                                   мутахассиси бахши Хадамоти

                                                                                     муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат