Таблиғи тарзи ҳаёти солим

295 просмотров

 

 

Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд якҷоя бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  шуъбаҳои кор бо занон, кор бо ҷавонон ва варзиш, бахши Хадамоти муҳоҷират ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии нави “Коронавирус” нақшаи мулоқоту вохўриҳоро бо усулҳои “хона ба хона”, “ру ба рў” ва “кўча ба кўча” ба роҳ монда, бо сокинони маҳаллаи  “Тути калон ”- и шаҳри Хуҷанд суҳбати рўбарў карданд.

Зимни мулоқот таблиғотчиён оиди пешгирӣ аз бемории сироятӣ маълумот дода, ҳамзамон ба теъдоде аз сокинони маҳалла ниқобҳо ва варақаҳои таблиғотӣ тақсим намуданд.

Дар ин радиф, аз сокинони маҳалла даъват ба амал оварда шуд, ки  зарурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва хатарҳои эҳтимолии гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шустани дастон бо собуни моеъгӣ ва дигар қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ҷиддӣ муносибат намоянд.

 

                             МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз

                                  сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар ш. Хуҷанд