Шарофат Ахмедова: «Ободии Ватан аз ободии хонаву дари ҳар як мо оғоз меёбад»

309 просмотров

 

Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд. Дар   доираи омодагӣ ба ин ҷашни бузурги таърихӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар назараст, ки 275  иншооти таъиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.

Сокинони соҳибкору саховатпешаи ноҳия дар ин арса фаъолона саҳм гузоштаистодаанд. Онҳо бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди муассисаҳои таълимиву тиббӣ,  марказҳои савдову хизматрасонӣ ва таъмиру барқарорсозии роҳҳо камари ҳиммат бастаанд.

Шарофат Ахмедова аз зумраи чунин сокинони созандаи ноҳия мебошад. Номбурда агарчӣ солҳои тулонӣ дар Россия зиндагӣ кунад ҳам, вале меҳри Ватан, ёди Ватан ҳамеша  дар дили ӯст. Ҳар боре, ки ба Тоҷикистон ояд,  ҳатман кори хайру савоберо анҷом медиҳад. Ин дафъа  низ ба чанде аз ҳамдиёронаш кумакҳои молиявӣ расонида, барои ободии маҳал саҳм гузошт. Ғайр аз ин, роҳи кӯчаеро дар маркази ноҳия,  ки аз наздикии хонаи истиқоматии ӯ мегузарад ва бо дарозии 130 метр дар ҳолати ногувор қарор дошт, ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ асфалт пӯш намуда, қубурҳои бетонии канори роҳро аз нав барқарор намуд.  Акнун пиёдагардону мошинсаворон ба роҳат аз ин роҳ мегузаранд. Дар урфият мегӯянд, ки ҳар кассе агар роҳ, пул,  масҷид ва ё мактаб созад, он кори  савоб иҷория ба ҳисоб рафта, то он рӯзе, ки мардум аз онҳо баҳра мебаранд, хайру савобаш ба нафари бунёд карда мерасад.

Шарофат Ахмедова  мегӯяд, ки ободии Ватан аз ободии хонаву дар  ва маҳалли зисти ҳар яки мо оғоз меёбад. Аз ин рӯ,  мо бояд аввал маҳалли истиқомати худро ободу зебо гардонем. – «Ман ҳамеша орзу мекардам, ки агар шароиту имконият фароҳам шавад, барои ободии Ватанам ва дастиёрӣ дароз намудан ба ҳамватанонам кӯшиш мекунам. Худоро шукр, ки имрӯз ба орзуи деринаам расидам. Дар оянда низ мақсад дорам, ки ин корро идома дода, ба қадри имкон гӯшае аз Ватанамро обод созам, ба оилаҳои ниёзманд кумак намоям», – мегӯяд Шарофат  Ахмедова.

Шарофат Ахмедова соҳиби 4 фарзанд ва 13 набера буда,  шавҳараш Ҳабибулло Ахмедов, собиқадори мақомоти милитсия мебошад. Оилаи онҳо аз соли 2012 ин ҷониб дар шаҳри Хабаровски Федератсияи Россия  кору зиндагӣ дорад. Дар ин шаҳр як чанд «Қаҳвахонаи Шарқиён»    (Восточное кафе)  таъсис додаанд.

Барои бо кор таъмин намудани ҳамватанон, махсусан сокинони ноҳия нақши калон гузоштаанд. Ҳамчун бонуи муваффақ аз он ифтихор дорад,  ки  дар  пайравӣ  аз иқдомҳои хайрхоҳона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Ватану ҳамватанонаш  кори  хайр анҷом медиҳад.

 

                                                                                      Аҳтам Насриддинов

                                                 мудири шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати ноҳияи

                                                                                                Ҷалолиддини Балхӣ