Ду навид аз як шаҳр

295 просмотров

 

 

Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Исфара якҷоя бо шуъбаи Хадамоти муҳоҷират, филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон”, Шӯрои ҳамоҳангсозии иттифоқҳои касаба ва ташкилоти ҷамъиятии “Сафинаи рушд” бо мақсади муаррифии ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод, ташвиқи касбу ҳунаромӯзӣ, ҷалб намудани нафарони бешуғл ба кори доимию мавсимӣ ярмарка ташкил намуданд.

Ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод дар саҳни филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳри Исфара доир гардид ва дар рафти он дастранҷи ҳунармандон ба намоиш гузошта шуд.

Баъди ифтитоҳи расмии чорабинӣ аз ҷониби директори муассиса И. Ашӯров дар назди шахсони ба ярмарка ташрифоварда директори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ М. Мирзомансурова, сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара М. Ахмедов, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии иттифоқҳои касаба Б. Ҷалилов ва сарвари ташкилоти ҷамъиятии “Сафинаи рушд” С. Султонов суханронӣ карданд. Суханронии М. Ахмедов ба муҳоҷирати бехатар, мубориза бо терроризму экстремизм ва пешгирии бемории сироятии “Коронавирус”- и навъи “КОВИД – 19” бахшида шуд. Мавсуф аз муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта ва воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Россия муваққатан манъгардида даъват ба амал овард, ки аз имкониятҳои ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод босамар истифода баранд.

Дар умум ба ярмарка 180 нафар корҷӯяндагон ва таълимгирандагони касбу ҳунар ташриф оварданд. Ба онҳо аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо 367 ҷойи холии кор ва вазиваи озод бо музди меҳнати аз 400 то 2350 сомонӣ пешниҳод гардид.  Дар рафти ярмарка 15 нафар бо ҷойи кор таъмин шуда, 18 нафар ба кори доимӣ роҳхат гирифтанд. Ҳамчунин 12 нафар барои касбомӯзӣ номнавис шуданд.

 

                                                          Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                             дар шаҳри Исфара