Ҷавонон – муҳофизони дастовардҳои истиқлолият

297 просмотров

 

 

Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ конференсияи ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз мекунанд” гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур, ки бо намоиши филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” оғоз ёфт, муовини раиси шаҳри Истаравшан Нигора Наимҷонзода иштирок намуда, иқдоми ҷавононро ватандӯстона арзёбӣ кард. Дар умум дар конференсия аъзои ташкилоти ҷамъиятии маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” ва 60 нафар ҷавонони фаъол, аз ҷумла мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан Фирдавс Ҳакимов ширкат варзиданд. Номбурда дар радифи мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и шаҳр Аскар Ҳотамзода, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Акмал Фозилов ва раиси шӯрои ҷавонони Беморхонаи марказӣ Шарифи Одилзод суханронӣ кард ва андешаҳояшро оид ба филми мустанади “Хиёнат” баён дошта, хоинону душманони миллатро маҳкум кард.

Дар интиҳои конференсия ба иштирокчиёни фаъоли озмуни шаҳрии мақолаи беҳтарин дар мавзӯи “Ватан хиёнатро намебахшад” бо ифтихорномаю сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

 

                                                              Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                    дар шаҳри Истаравшан