Чорабинии нахустин дар ҷамоати калонтарин

310 просмотров

 

 

Дар моҳи августн нахустин чорабинии иттилоотӣ – маърифатии  шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷамоати деҳоти Хистеварз доир шуд. Ёдовар мешавем, ки ҷамоати мазкур на танҳо дар миқёси вилояти Суғд, балки дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи калонтарин ҷамоатҳои деҳот буда, бештар аз 50 ҳазор нафар аҳолӣ дорад ва дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ҷойгир аст.

Тибқи маълумотҳо дар ин ҷамоат муҳоҷирони меҳнатӣ дар қиёс бо дигар ҷамоатҳо бештар ҳастанд. Бо назардошти ин, шуъбаи Хадамоти муҳоҷират тасмим гирифт, ки нахустин чорабиниҳои иттилоотию маърифатии дар моҳи август ба нақша гирифташуда маҳз дар ҷамоати деҳоти Хистеварз гузаронида шаванд.

Чорабинии нахустини доиргардида ба мавзӯи пешгирӣ аз бемории “Коронавирус” бахшида шуд, ки дар он наздик ба 100 нафар сокинон иштирок намуданд. Дар рафти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ дастур дода шуд, ки бо мақсади сироят наёфтан ва ҳифзи саломатии худу дигарон аз рафтуомад ба кишвари ҳамсояи Қирғизистон худдорӣ намоянд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ ба иштирокчиён маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас карда шуд.

 

                                                                            Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                             дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров