Ҳама баҳри пешгирии бемории сироятии нави “Коронавирус”

272 просмотров

 

 

Аз 14 то 20-уми августи соли ҷорӣ 1211 нафар шаҳрвандони ватанӣ, ки аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ воридшудаанд дар ҶСК Хоҷа-Оби-Гарм, муассисаи давлатии беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб, осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон», истироҳатгоҳи бачагонаи «Барқчиён» бистарӣ гардида, онҳоро муддати кӯтоҳ нигоҳ дошта, баъди натиҷаи ташхиси табибон ба макони зисташон рухсат дода шуда, аз ин шумора 4 нафар зери назорат қарор доранд.

Тавре аз бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб хабар дода шуд, оид ба пешгирии бемории сироятии нави “Коронавирус” (COVID-19) бо дастгирии Дилафрӯз Шерзода котиби иҷроияи бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ба муассисаи давлатии беморхонаи марказии ноҳия 1 адад таҷҳизоти ҳаводиҳандаи сунъӣ (ИВЛ) тақдим гардид.

Вобаста ба гардиши хона ба хона аз ҷониби кормандони муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия бо мақсади дарёфт намудани беморон бо табъи баланд ва гумонбарони «Коронавирус»  аз 28-уми июли соли ҷорӣ то 20-уми августи соли 2020  дар 35190  хоҷагӣ бо фарогирии 163921 нафар шаҳрвандон 2 давр аз назорат гузаронида шуд.

Баҳри иҷрои банди 6-и Нақшаи чорабиниҳои бахш паҳн намудани маводҳои иттилоотӣ вобаста ба бемории сироятии “Коронавирус” ва пешгирӣ аз он дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, аз тарафи бахш якҷоя бо масъулин ба сокинони ноҳия ба ҳолати 19-уми августи соли ҷорӣ ёддоштҳо оиди пешгирӣ аз бемории сироятии “Коронавирус” ба миқдори 16800 нусха дастрас гардида ва насб намудани шиору овезаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ идома дорад.

Фаъолият дар ин самт таҳти назорати доимии роҳбарияти мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб қарор дорад.

 

                                                                        Бахши Хадамоти муҳоҷирати

                                                                                         дар ноҳияи Варзоб