Ташрифи Пешвои тоҷикони ҷаҳон ба Боми ҷаҳон

232 просмотров

 

Аз  19  то  22 августи соли равон дар доираи  сафари корӣ  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дидан намуда ба фаъолияти баъзе иншоотҳои аз лиҳози иҷтимоиву иқтисодӣ муҳим корҳонаи коркарди сангҳои қимматбаҳою  нимқиматбаҳо,  боғи фароғатию – фарҳангию фароғатии ноҳияи Дарвоз, маркази  хизматрасонии  ноҳияи  Ванҷ, бинои шуъбаи корҳои  дохилии  ноҳияи Рушон, театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назаров ва  муасссисаи таълимиии № 8 дар шаҳри Хоруғ ва  дигар иншоотҳои  вилоятӣ,  ҳусни   ифтитоҳ   бахшида ба  қисмати дигари  сохтмонҳо  аз    қабили   мактаби   Президентӣ дар ноҳияи  Дарвоз , сохтмони  купрук аз   болои дарёи Ғунд дар маркази вилоят ва дигар иншоотҳои ҷашние, ки то 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор бигиранд,  санги асос гузошт.

Дар  фарҷоми сафари корӣ бо фаъолону сокинони ноҳияҳо ва шаҳри Хоруғи вилоят вохӯрӣ доир намуданд. Дар ин вохӯрӣ    соҳибкорон, собиқадорон ва дигар табақаҳои   аҳолии  вилоят баромад    намуда барои ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   алалхусус, тавваҷӯҳи Пешвои миллат дар ҳақи сокинони вилоят    изҳори миннатдорӣ намуда   шукргузорӣ  аз тинҷию амонӣ, ваҳдати  миллӣ ва   истиқлолият намуданд.

Дар   хатми ҳамоиш раиси вилоят Ёдгор Файзов баромад намуда   баъзе мушкилоти ҷойдоштаи вилоятро мавриди баррасӣ  қарор  доданд.   Президенти кишвар оиди ҳалли ин проблемаҳо ба вазорату кумитаҳои   дахлдор супоришҳои   мушаххас  дод. Раиси вилоят бори дигар аз  номи   кулли сокинони вилоят барои ғамхориҳои падаронаи  Пешвои  миллат   изҳорӣ миннатдорӣ  намуда  Президенти кишварро бовар намуд, ки   кулли сокинони вилоят аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии    Тоҷикистон пуштибонӣ менамоянд.

 

                                                                       Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                           дар ноҳияи Шуғнон