Шанбегӣ дар Хадамоти муҳоҷират

217 просмотров

 

Баҳри зебою озода намудани шаҳри Душанбе, корхонаю муссисаҳо, иҷрои саривақтии қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оиди ободу кабудизоркунӣ дар соли 2020, пайваста маъракаҳои дастаҷамъонаи ободкорию созандагӣ гузаронида мешавад.

Дар ин радиф бо супориши сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода дар ин коргоҳ 5 сентябри соли равон, кормандони дастгоҳи марказии Хадамот ва МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе ба шанбегӣ баромада, бо як руҳияи баланди ватандӯстӣ аз кору пайкори накӯи шаҳрдории пойтахт, корҳои зиёди кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, тозаю ороста намудани бино ва саҳну атрофи коргоҳ ба анҷом расониданд.

Бояд қайд кард, ки дар як муддати кӯтоҳ гирду атрофи коргоҳ  тозаву озода гардида, ранги дигар гирифт.

Қайд кардан ба маврид аст, ки барои дар сатҳи баланд омодагӣ ба ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои шанбе бо ҷалби роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва дигар сохторҳои марбутаи Хадамот шанбегӣ ва корҳои тозагию ободонӣ гузаронида мешавад.

                                                                                      Анвар ЮСУПОВ