Комиссияи участкаи интихоботии №20 ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №3 ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҷиддӣ мебинад

198 просмотров

 

Комиссияи участкаи интихоботии №20 ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №3 ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид  ба баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ омодагии ҷиддӣ дида истодаанд.

Тавре дар суҳбат котиби комиссияи участкаи интихоботии мазкур   иброз намуд, «участкаи мо аз рӯзи ба тасвиб расидани қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил кардани комиссияҳои ҳавзавии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба фаъолият  оғоз намуда,  нақшаи корию реҷаи навбатдорӣ тасдиқ кард».

Бинои участкаи интихоботӣ, ки дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст, мутобиқи талабот ҷиҳозонида  шуда, бо маводу таҳҷизоти зарурии коммуникатсионӣ таъмин гардидаанд. Участкаи интихоботӣ пурра бо ҳуҷра ва қуттии овоздиҳӣ таъминанд ва барои хизматрасонии тиббӣ, модароне, ки фарзанди хурдсол доранд, афроди имконияташ маҳдуд ва нозирони минтақавию байналмилалӣ низ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Котиби участкаи интихоботии №20 гуфт, ки маъракаи барӯйхатгирии интихобкунандагон оғоз гардида, плакатҳо 15 рӯз пеш аз интихобот барои шиносоӣ дар участкаи интихоботӣ овехта мешаванд. Ба мақсади ширкати фаъоли раъйдиҳандагон ва иттилои бештар дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохилу беруни бинои комиссияи участкаи интихоботӣ шиору овезаҳо насб шуданд.

Котиби участкаи интихоботии №20 итминони комил дорад, ки интихоботи дар пешистода ба омили муҳими муттаҳидсозии тоҷикистониён, таҳкими ҳарчи бештари ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар мамлакат мубаддал хоҳад ёфт.

                                                                                            Анвар ЮСУПОВ