Чорабинии навбатӣ дар Чоркӯҳ

173 просмотров

 

Аз рӯи гуфтаи сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Мустақим Ахмедов бо назардошти хеле калон будан ва аҳолии зиёд доштанашон дар ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Ворух бо ташкил ва гузаронидани 1 ё 2 адад чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ теъдоди бештари шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро фаро гирифтан ғайриимкон аст. Бо назардошти ин, шуъба тасмим гирифтааст, ки давра ба давра, бонавбат мулоқот бо аҳолиро дар маҳаллаҳо ё дар алоҳидагӣ барои кормандони соҳаҳои хоҷагии халқ ташкил намояд.

Бо ташаббуси шуъба ва дастгирии ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ чорабинии навбатии нақшавии иттилоотию маърифатӣ бо ҷалби раисони маҳаллаҳо, фаъолон, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, кормандони маркази саломатӣ ва ходимони дин гузаронида шуд. Ҳамчунин як теъдоди муайяни иштирокчиёни чорабиниро муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ташкил доданд.

Зимни ифтитоҳи мулоқот раиси ҷамоат К. Раҷабов таъкид намуд, ки 65 нафар иштирокчиёни чорабинӣ дар маҳалла ва коргоҳҳои худ шахсияти шинохта ва маъруф ҳастанд ва дигар шаҳрвандон маслиҳату машварати онҳоро хуб мепазиранд. Бинобар ин, хоҳиш менамояд, ки бардошту хулосаҳояшон аз ин мулоқотро ба самъи дигарон расонанд.

Баъдан сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Мустақим Ахмедов суханронӣ намуд. Мавзӯи асосии мулоқот пешгирӣ ва муқовимат бо хатарҳои замони муосир, аз ҷумла бемориҳои сироятии ВНМО ва КОВИД – 19, ҳамчунин терроризму экстремизм буд.

Дар интиҳои чорабинӣ байни ташкилкунандагон ва иштирокчиён саволу ҷавоби озод доир гардид.

 

                                                                     Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                               дар шаҳри Исфара