Рафтори ғайриинсонии ифротгароёни динӣ дар филми «Хиёнат» баръало аён аст

167 просмотров

 

 

Чанд рӯз пеш дар шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» намоиш дода шуд. Ин филм дар асоси далелҳои раднопазир дар бораи    фаъолияти тахрибкоронаи Ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ дар солҳои  90-уми асри ХХ сухан мерафт.  Таҳия  ва ба намоиш гузоштани чунин  филмҳои ҳуҷҷатӣ, албатта як иқдоми саривақтӣ ва мубрам  мебошад, зеро  имрӯз ҳам ТТЭ ҲНИ фаъолияти бадномкунии миллати тоҷикро аз хориҷи кишвар идома дода истодааст.

Дар филм омадааст, фаъолияти ТТЭ ҲНИ аз рӯзи таъсисаш мазмуну мундариҷаи зиддитоҷикӣ дошта, аъзи ин ташкилоти террористӣ барои ташкили давлати  исломӣ дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта даст ба ҷиноят ва амалҳои мудҳиш бар зидди ҳамватанони худ задаанд.

Чӣ тавре, ки аз  мундариҷаи филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» бармеояд, ТТЭ ҲНИ низ  даст ба  куштори олимон, рӯзноманигорон ва аҳли зиёи тоҷик задааст, зеро ин қишри солимфикр садди ҷиддие дар роҳи интихобкардаи мутаассибони динӣ буданд ва мебошад. Имрӯз ҳам аъзои дар ҷустуҷӯ қарордоштаи ТТЭ ҲНИ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии Интернет  бар зидди равшанфикрон, рӯзноманигорон ва олимони тоҷик, ки бар зидди идеологияи зиддитоҷикии ТТЭ ҲНИ мубориза  мебаранд, таҳқиру таҳдидҳои лафзӣ мекунанду онҳоро тарс додан мехоҳанд.

Далелҳое, ки дар филми «Хиёнат» овардашуда бармеояд, яке аз ҷиноятҳои мудҳиши ТТЭ ҲНИ — ин  амалҳои зиддиинсонӣ ва зиддиахлоқии аъзои ин ташкилоти террористӣ нисбати  бонувони тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Шоҳидони таҳқиру куштори  занони тоҷик аз ҷониби аъзои ТТЭ ҲНИ бо далелҳо дар бораи рафтори ғайриинсонии ифротгароёни динӣ дар филми «Хиёнат» ёдоварӣ менамоянд. Муносибати ҷомеа ба бонувони худ инъикоси рушди тамаддун ва фарҳанг дар ин ҷомеа аст. Таърих гувоҳ аст, ки танҳо ҷомеаҳои динзада ва рушднаёфта ба бонувони худ муносибати ғайриинсонӣ мекунанд. Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» тавонист муносибати воқеии аъзои  ТТЭ ҲНИ-ро, яъне муносибати ғайрахлоқӣ ва зиддиинсонии онҳоро дар нисбати бонувони тоҷик нишон диҳад.

Ба фикри мо, ҳар миллате, ки ба бонувони худ ҳамчун ба шахси дуюмдараҷа муносибат намуда,  ба онҳо имконияти таҳсил ва кору фаъолият кардан, имконияти интихоби ҳамсар, интихоби касб ва ҳатто интихоби либосро намедиҳад, ин гуна миллатҳо оянда надоранд.  Танҳо  миллатҳое, ки  ба модар ва бонувони худ ҳамчун ба ганҷинаи миллӣ муносибат мекунанд, ба назари мо соҳиби саодати комил хоҳанд буд. Саломатии модар — зан, ҳолати равонӣ ва ҷисмонии ӯ ин инъикосгари саломатӣ ва ҳолати равонии тамоми миллат аст. Танҳо модар ва зани хушбахт метавонад насли солимро барои миллати худ ба дунё биоварад. Модарон ва бонувони тоҷик бо хизмати ҳаррӯзаи худ баҳри хушбахтии оила, таваллуд ва тарбияи фарзанд, бо саҳми худ дар таҳкими Истиқлоли давлатии кишварамон сазовор ҳастанд, ки дар радифи сарватҳои ганҷинаи миллиамон ҷой гиранд.

Филми «Хиёнат», ки дар руҳияи баланди ватандорӣ ва тарбиявӣ  таҳия гардидааст муборизаҳои мардуми тоҷикро бар зидди душманони миллат, яъне ифрогароёни динӣ, хеле хуб инъикос намудааст ва паёме ба насли навраси тоҷик фиристода, таъкид мекунад, ки мо — посдорони истиқлоли миллӣ бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

                                                                       Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ

                                                                                                       ба хориҷа