Бо руҳбаландӣ аз ташрифи Пешвои миллат

162 просмотров

 

Ҳафтаи сипаришуда барои кулли сокинони меҳнатқарини вилояти Суғд, аз ҷумла сокинони шаҳри бостонии Панҷакент ҳафтаи хотирмону фаромӯшнашуданӣ буд. Зеро сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маҳз аз ноҳияи Айнӣ ва ин шаҳри тозаҷавон оғоз ёфт.

Дар доираи таҷлили ҷашни 5500-солагии шаҳраки Саразм бо иштироки Пешвои муаззами миллат чандин иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифта, ба як силсила корҳои ободонии дигар ифтитоҳ бахшида шуд. Дастуру супоришҳои зимни мулоқоташон бо сокинони шаҳр додаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро пиру барно чун сармашқи кор ва вазифаи ҷонии худ қабул намуданд. Имрӯзҳо тибқи онҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ меҳнати бунёдкорона ҷӯш мезанад. Аҳли ҷомеа якдилона аз пайи бунёдкорию созандагӣ ҳастанд ва ин ҳама ба хотири бо армуғонҳои меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини ояндаи дурахшони наслҳост.

Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент айни замон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳиро дар байни аҳли ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, муҳоҷирони дохилию экологӣ ва аъзои оилаи онҳо хуб ба роҳ монда, дар арафаи маъракаҳои муҳими интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ташвиқоту тарғиботро пурзӯр намуда истодааст. Бино ба иттилои сардори шуъба Абӯрайҳон Абдушаҳидов дар ин самт мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамаҷиҳата ба пешравии кор мусоидат менамояд.

Аз ҷумлаи корҳои дар ин самт иҷрошуда метавон семинар – машварати дастурдиҳии дар Маҷмааи  фарҳангии Кохи ба номи Лоиқ Шералӣ доиргардидаро ном бурд, ки асосан ба масъалаи пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба бемории сироятии КОВИД – 19 бахшида шуд. Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур дар асоси барқияи Хадамоти муҳоҷират аз 19-уми июли соли 2020, №176/497 ва бандҳои 8 -9-и Протоколи маҷлиси назоратии назди Сардори Хадамоти муҳоҷират аз 15-уми июни соли равон, №1 – 21 баргузор шуд ва дар он намояндагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд. Дар назди иштирокчиён сардори шуъба низ суханронӣ ва андешаҳояшро баён кард.

Ҳамин гуна як чорабинии дигари иттилоотӣ – маърифатӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 доир гардид. Дар радифи муҳоҷирони меҳнатии ба ватанбаргашта, берункардашуда ва воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Россия муваққатан манъгардида дар ин чорабинӣ омӯзгорони муассиса низ иштирок намуда, масоили пешгирӣ аз шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, одамрабоӣ, истифодаи шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак, таълиму тарбияи фарзанд ва паст намудани шиддати муҳоҷират дар байни занонро баррасӣ карданд. Дар радифи дигар суханкардагон сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент аҳли ҷомеаро ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ, масъулиятшиносӣ дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ ва истифодаи оқилона аз имкониятҳои мавҷудаи фарогирӣ бо шуғл  даъват намуд.

Тавре маълум аст, ҳамкорӣ дар тамоми намудҳои фаъолият самараи нек медиҳад. Махсусан замони мураккаби имрӯза ва мушкилоти бар асари паҳншавии бемории сироятии “Коронавирус” ҳамоҳангсозии фаъолият ва ҳамкории босамари мақомоту ниҳодҳои мухталифро тақозо менамояд. Махсусан, ҳоло ки дар арафаи маъракаи муҳими сиёсии интихоботи Президентӣ қарор дорем, ин зарурат бештар эҳсос мешавад.

Бо назардошти ин, нишасти ҳамоҳангсозии Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва шуъбаи Хадамоти муҳоҷират доир гардид. Иштирокчиён тариқи муколама ва саволу ҷавоби озод самтҳои асосии фаъолияташонро дар давраи омодагӣ ба интихоботи дарпешистода, барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, идомаи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи 1300 рӯзи бунёдкорию созандагӣ ва ҷамъбасти бомуваффақияти соли 2020 баён намуданд. Чанд таклиф ва пешниҳоди сардори шуъбаи Хадамот Абӯрайҳон Абдушаҳидов аз ҷониби дигар иштирокчиён қобили қабул ҳисобида шуд.

Мардон ҚУРБОНОВ