Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ибратомeз аст!

291 просмотров

 

Аҳамияти актуалӣ ва муҳимми намоиши филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» ифшо кардани дурӯғу найрангҳо ва нақшаҳои тахрибкоронаи роҳбарони ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ ва хоҷагони хориҷиашон мебошад, ки бар хилофи ваъдаҳои худ амал карда, фаъолияти тахрибкоронаи  худро  дар  қаламрави  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бар  зидди  мардуми  худ  ба  роҳ  мондаанд.

Дар филми мазкур дида мешавад, ки   аъзои маҳбусии ташкилоти террористию эктремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом аллакай аз кардашон пушаймонӣ мекунанд ва дигаронро  тавсия медиҳанд, ки фирефтаи дурӯғпардозиҳо, ваъдаҳои хушку холӣ ва найрангҳои аҳримании роҳбарияти ташкилоти террористии мазкур нагарданд. Илова бар ин, аъзои маҳбусии ин ташкилоти террористӣ  аз  кирдорҳои ғайрибашарии худ ва хиёнати кардашон  сахт пушаймонӣ мекунад ва худро қурбонии дасти гургони ташкилоти террористию экстремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом меҳисобанд.

Мардуми шарафманди тоҷик баъди тамошои қисмате аз филм, ки корҳои ғайрибашарии  аъзои террористию эктремистии собиқ ҳизби наҳзати исломро ифшо кард, аллакай хулосагирӣ намуданд ва дарк карданд, ки маҳз сади роҳи тамоми пешравиҳои иқтисодию иҷтимоии кишвари мо то ба имрӯз аз таъсири  бесуботиҳои ТТЭ собиқ ҲНИ  ва ҷинояткориҳо аъзои он дар Тоҷикистон шуданд.

Ҳар нафари солимақл аз тамошои ин филм ба хулосае меояд, ки ба амалҳои кардаи ташкилоти террористию экстремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом ҳеҷ ақли инсон намегирад. Масалан, ба он навъи бемориҳое, ки мардум дар солҳои 90-ум дар манотиқи Кӯлоб бо сабаби наҳзатиён мубтало гардида буданд, аз «Коронавируси» имрӯза даҳшатноктар буда, ҳазорон нафар бо сабаби ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд. Ё ин ки маҳбус намудани одамони бегуноҳ дар бочкаҳои калони оҳанин ва сангсор намудани онҳо, оташ задани одамон ва дигар  амалҳои сангин ва ҷиноятҳои махсусан вазнине, ки дар филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» возеҳу равшан нишон дода шуданд, мардуми кишвар бори дигар аз амалҳои ғайриинсонӣ ва манфуронаи аъзои ташкилоти террористию экстремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом маълумоти васеъ ва дақиқро дарёфт намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар филми мазкур маълумоти пурраи шарҳи ҳолӣ, кирдорҳои ҷиноятӣ, одамфиребӣ, ҳилаву найранги гургонаи онҳо ба мардум,  амалҳои ғайриинсонӣ ва ғайриахлоқии роҳбарият ва ҳар як аъзои ТТЭ собиқ ҲНИ  намоиш дода шуда, чеҳраи аслии онҳоро мардуми тоҷик шинохтанд, ки онҳо кистанд ва чи хиёнате нобахшидани дар ҳаққи миллати худ кардаанду  ва боз дар пайи бесубот кардани Тоҷикистонанд.

Хулоса, филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ибратомeз буда, аз чунин хиёнаткориҳо ва амалҳои нангин барои худ бояд хулоса бароранд. Шахсоне, ки оромиву осоиштагии давлату миллатро халалдор менамоянд, ҳатман  рӯзе дар назди миллат ҷавоб медиҳанд. Аз филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» мардум чеҳраи аслии ин хиёнаткорони миллатро ҳамчун шахсони туҳматкору манфур, хиёнатпешаву ватанфурӯш баррасӣ менамояд.

                                                                              Шуъбаи ташкилӣ ва умумӣ