Вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Хадамоти муҳоҷират

155 просмотров

 

12 ноябр вохӯрии навбатии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ бо кормандони ин ниҳод дар асоси «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» доир ба таҳлили хавфҳои коррупсия, роҳ надодан ва пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, фаҳмондадиҳии хавфҳои коррупсия ва дарки зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он доир гардид.

Назарзода Икроми Назаралӣ – муовини сардори Раёсати дуюмӣ Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури кормандон ва роҳбарияти Хадамот оид ба санҷиши гурӯҳи кории Агентӣ, ки дар Хадамот гузаронида шуд, маълумоти муфассал пешниҳод намуд, Инчунин ӯ қайд кард, ки имрӯз коррупсия ба як масъалаи глобалӣ табдил ёфтааст, ки ин ба рушди иқтисод ва зиндагии мардуми кишвар халали ҷиддӣ ворид мекунад. Моро лозим аст дар мубориза ба ин вабои аср муборизаи дастаҷамъона барем.

Таъкид шуд, ки фасод ҳамеша ва дар ҳама гуна сохторҳои ҷамъиятӣ ба рушди иқтисодиву сиёсии кишварҳо монеа эҷод намудааст, ки барои аз байн бурдани он ҳамеша мардум бо гурӯҳҳои махсуси коррупсионӣ мубориза мебаранд. Асоси ҳуқуқии мубориза бо ин зуҳуроти хавфнок аз Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия маншаъ мегирад, ки 31 октябри соли 2003 қабул гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2006 ба ин ҳуҷҷати муҳим имзо гузошта, ба узвияти Конвенсияи СММ пазируфта шуд, ки ҳадафи он пешгирии ҷинояти коррупсионӣ ва аз байн бурдани он мебошад.

Вай аз иштирокдорони нишаст даъват намуд, то дар кори пешгирӣ ва аз байн бурдани коррупсия ҳамкорӣ намуда, дар рушд ва пешрафти кишвари худ саҳмгузор бошанд.

Дар вохӯрӣ кормандони Хадамоти муҳоҷират ба кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия барои пешгирӣ ва мубориза бо ин падидаи номатлуб, ки ҳамчун зуҳуроти хатарноки ҷаҳони муосир ном гирифтааст, таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.

Тоҳир Каримзода сардори Хадамоти муҳоҷират мақсади гузаронидани чунин вохӯриҳоро дар пешгирии ин зуҳуроти номатлуб, ки дар рушди кишвари соҳибистиқлоламон монеаҳоро эҷод мекунанд, арзёбӣ намуданд.

                                                                                             Анвар ЮСУПОВ