Президент — ҳомии Конститутсия ва қонунҳо-бардошт аз ҷамъомади идона дар Хадамоти муҳоҷират

131 просмотров

 

16 ноябр дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр бошукӯҳ таҷлил мешавад, ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷаласаи тантанавиро Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро  бо  фарорасии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрик намуд. Мавсуф аз хизматҳои бешумули Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди  давлатдории навини тоҷикон ёдоварӣ намуда, зикр кард, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани 16 ноябр бесабаб нест, зеро маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ –  16 ноябри соли 1994  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карда, дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ  табдил дода шуд.

Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни қадрдонию  сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун фарди сулҳовар, ғамхори миллат мешиносаду эҳтиром мекунад. Хизматҳои беназири ин абармарди хирад ва сиёсат сабаб гардиданд, ки Тоҷикистон дар фосилаи кӯтоҳ ба яке аз давлатҳои пешрафта табдил ёфта, чун давлати  демократӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ аз обрӯву манзалати хос бархурдор гардад. Воқеан рушду нумӯи ҳар давлат ба дониш, ақлу заковат, хиради инсонии Президенти ҳамон мамлакат вобастагӣ дорад.

Инчунин зикр гардид, ки таъмини фазои орому босубот, волоияти қонун, ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин обрӯву нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сол то сол дар ҷаҳон боз ҳам баландтар мебардорад. Ин ҳама дастовардҳои арзишманд бевосита ба фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ доранд.

Дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи шукргузорӣ аз озодӣ ва эҳтиром гузоштан   ба   арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ мебошад, – иброз дошт Т.Каримзода.

Анвар ЮСУПОВ