Маслиҳатдиҳӣ оид ба тайёрии пеш аз сафар

148 просмотров

 

Корманди мақомот бо чунин тартиб маълумотро оид ба амалҳои шаҳрванд пеш аз сафар намудан ба муҳоҷирати меҳнатӣ,  бояд пешниход намояд:

  1. Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ новобаста аз синну сол дар асоси шиносномаи биометрикии хориҷӣ метавонад ба ФР сафар намояд. Мӯҳлати амали шиносномаи хориҷӣ бояд на камтар аз як сол бошад.

 

  1. Пеш аз сафар шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузарад. Зеро ҳангоми ошкор шудани касалиҳои вазнини сирояткунанда, ба ӯ ҳуҷҷати иҷозатдиҳанда барои анҷоми кор дода намешавад ва дар ҳолати анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ бе Патент, роҳи ӯ дар асоси ҳалномаи мақомоти давлатии ФР манъ мешавад.

 

  1. Шаҳрванд бояд ҷойи корро пешакӣ муайян намояд, дар бораи корфармо оиди фаъолияташ маълумотҳои саҳеҳ дастрас намояд. Имконият бошад, бо корфармо пешакӣ шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба имзо расонад. Дар шартномаи меҳнатӣ ҳамаи ӯҳдадориҳои дутарафа, аз ҷумла, ӯҳдадориҳои кордиҳанда ба монанди:

 

  • ному насаби коргар ва номгӯи корфармо;
  • маълумот оид ба ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти коргар ва корфармо;
  • ҷой ва санаи тартиб додани шарномаи меҳнатӣ;
  • вазифаи меҳнатии коргар;
  • санаи саршавии кор;
  • шартҳои додани маош (ҳаҷми он ва мӯҳлати додани он);
  • тартиби реҷаи корӣ ва истироҳат;
  • таъминоти тиббӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ;
  • дигар масъалаҳои зарурӣ оид ба таъмини фаъолияти пурмаҳсули шаҳрванди хориҷӣ бояд дарҷ гарданд.

 

  1. Шаҳрванд бояд кӯшиш намояд, ки шартномаи меҳнатиро бевосита бо корфармо бе миёнаравон ба имзо расонад.

 

  1. Пеш аз сафар ба хориҷа ҷойи зисти муваққатиро муайян намояд.

 

  1. Ба шахсони тасодуфӣ, ки музди меҳнати баланд ваъда медиҳанд, бовар накунад.

 

  1. Дар ҶТ ҳуқуқи бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатиро дар хориҷа танҳо он ташкилот ва ширкатҳое доранд, ки барои ин намуди фаъолият аз ХМ иҷозатнома (литсензия) гирифтаанд.

 

  1. Муассисаҳои давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ маълумот ва машваратро оид ба ҷойҳои кории холӣ дар хориҷи кишвар ба шаҳрвандон пеш аз сафар намудан ба муҳоҷирати меҳнатӣ пешниҳод менамоянд. Муассисаҳои мазкур дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи ФР аз хоҳишмандон имтиҳони маҷмӯӣ қабул карда, сертификати донистани забони русӣ, таърихи Россия ва қонунгузории ФР пешниҳод менамоянд. Инчунин дар ҳалли мушкилоти ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ дар ФР мусоидат менамоянд.

 

  1. Барои дастрас намудани маълумот оид ба манъ будани воридшавии шаҳрвандони ҶТ ба ФР, шаҳрванд метавонад мустақилона аз сомонаи расмии Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии ФР (www.fms.gov.ru) истифода барад ё ба Хадамот ва зерсохторҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намояд, ки он ҷо маҳзани маълумоти шаҳрвандони ҶТ, ки воридшавии онҳо ба ФР манъ карда шудааст, мавҷуд аст.

 

  1. Дар фурудгоҳ, истгоҳи Рохи Оҳан ва мошингард аз шахсони ношинос барои расонидан ба шахси дигар амонат ё бағоҷ нагирад.